Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти ҷудои Осиё дар Ҳонгконг


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти бози ҷудои Осиё (Hong Kong Asian Open 2025), ки рӯзҳои 22-23-юми ноябр дар Ҳонгконги Чин баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

Чунонки сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, дар мусобиқоти бози ҷудои Осиё дар Ҳонгконг ширкати 161 варзишгар (99 мард ва 62 зан) аз 18 кишвари чаҳор қитъаи олам дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, Тоҷикистонро дар ин мусобиқот панҷ нафар (се кас байни мардон ва ду нафар миёни занон) намояндагӣ мекунанд: мардон - Магомед Фармонбеков дар вазни то 73 кило, Сайфиддин Боймирзоев дар вазни то 81 кило, Муҳсин Малаев дар вазни то 100 кило; занон - Александра Кан дар вазни то 57 кило ва Виктория Киселёва дар вазни +78 кило.

Дар рӯзи аввали мусобиқот – 22-юми ноябр - варзишгарон барои медалҳо дар се вазн миёни занон: -48 кг, -52 кг, -57 кг ва дар чаҳор вазн байни мардон: -60 кг, -66 кг, -73 кг ва -81 кг мубориза мебаранд. Дар рӯзи дуюми мусобиқот – 23-юми ноябр – занон дар чаҳор вазн: -63 кг, -70 кг, -78 кг, +78 кг ва мардон дар се вазн: -90кг, -100 кг ва +100 кг рақобат мекунанд.

Бояд зикр намуд, варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти бози Осиё-2025 (“Hangzhou Asian Open 2025”) дар риштаи ҷудо, ки рӯзҳои 6-7-уми сентябр дар шаҳри Ҳангжоуи Чин баргузор шуд, чаҳор медал ба даст оварданд. Абдулло Қуқаншоев дар вазни то 60 кило, Набии Нуралӣ дар вазни то 66 кило, Илҳомиддин Ҷабборов дар вазни то 73 кило ва Саидмуъмин Шарифзод дар вазни то 81 кило бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Аммо даҳ нафар паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти бози ҷудои Осиё (Aktau Asian Open 2025), ки рӯзҳои 11-12-уми октябр дар шаҳри Оқтови Қазоқистон доир гардид, бе медал монданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG