Дар ин ҳамлаи мусаллаҳона, ки шаби 26-уми ноябр ба қароргоҳи як корхонаи заршӯӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин аз кишвари ҳамсоя анҷом шуд, 3 шаҳрванди Чин кушта шуда, як корманди дигари чинӣ дар ҷараёни тирандозӣ сахт захмӣ шудааст.
Бино ба навиштаи "Ройтерз" мақомоти Чин аз Душанбе хостаанд, ҳодисаро таҳқиқ кунад.
Чанде аз кишварҳо, аз ҷумла Вазорати умури хориҷии Эрон ҳамлаи маргбор дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро теpрористӣ хонда, шадидан маҳкум карданд.
Бино ба навиштаи рӯзномаи “Кайҳон” Исмоил Бақоӣ, сухангӯйи Вазорати умури хориҷаи Эрон ба хонаводаи кушташудаҳо изҳорӣ ҳамдардӣ карда, ба ҳамбастагии Эрон бо ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Чин таъкид кардааст.
Ин мақомдори эронӣ ба зарурати таҳкими ҳамкориҳои ҳамаҷониба барои мубориза бо чунин ҳамлаҳо ишора кардааст.
Вазорати умури хориҷии Покистон ҳам рӯзи 28-уми ноябр кушта шудани се шаҳрванди чинӣ дар Тоҷикистонро «ҳамлаи шариронаи террористӣ» ва таҳдиди ҷиддӣ бархоста аз хоки Афғонистон хонда, маҳкум кардааст.
Вазорат бо нашри як баёнияи расмӣ ҳамчунин ба ҳукумати Тоҷикистон ва Чин изҳори ҳамдардӣ ва ҳамраъй кардааст. Дар ин баёния омадааст, истифода аз паҳподҳои ҷангӣ дар ин рӯйдод, умқи таҳдид ва «ҷасорати гурӯҳҳое»-ро нишон медиҳад, ки дар дохили Афғонистон фаъолият мекунанд.
Вазорати умури хориҷии Покистон ҳамчунин гуфтааст, ки мардуми ин кишвар дарду ранҷи Чин ва Тоҷикистонро дарк мекунанд, зеро худ «борҳо қурбонии ҳамлаҳои террористӣ созмондиҳишуда аз хоки Афғонистон» шудаанд.
Толибони ҳоким дар Афғонистон ҳам бо нашри як баёнияе гуфтаанд, ки “ба хотири рӯйдоди ногувори кушта шудани се табааи кишвари Чин дар минтақаи Шамсуддин Шоҳин вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамдардии худро бo Ҷумҳурии Халқи Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз медорад ва ин рӯйдодро бо шадидтарин алфоз маҳкум мекунад.”
Дар баёнияи Ҳафиз Зиё Аҳмад, сухангӯи вазорати умури хориҷии Толибон, ки дар шабакаи иҷтимоии Х нашр шудааст, омадааст, “бар асоси арзёбии аввалия ва иттилоот ба дастомада аз ниҳодҳои амниятии Толибон дар ин рӯйдод доираҳое “даст доранд, ки барои эҷоди ошӯб, бесуботӣ ва доман задан ба беэътимодӣ миёни кишварҳои минтақа талош мекунанд.” Дар ин баёния аз ҳеч гурӯҳ, ё ҳалқае ном набурда, Толибон гуфтааст, бо ҳукумати Тоҷикистон дар шиносоии омилони ҳамла ҳамкорӣ хоҳад кард.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки шаби 26-уми ноябр дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳона ба қароргоҳи як корхонаи заршӯӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин се коргари чинӣ кушта шуданд. Ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, яке дигар аз шаҳрвандони Чин дар ин ҳамла захмӣ шудааст.
Ба иттилои мақомоти тоҷик, ҳамла бо аслиҳаи оташфишон ва зоҳиран паҳпод ё дронҳои хурди қотил сурат гирифтааст. Вазорат ҳамларо қотеона маҳкум карда аз Толибони ҳоким дар Афғонистон хостааст, ҷиҳати таъмини суботу амният дар сарҳад “тадбирҳои муассир биандешад.”
Гуфтугӯ