Дар пайи ҳамлаи шахсони мусаллаҳ, ду роҳсози чинӣ дар ҳудуди ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кушта шудаанд. Гуфта мешавад, ки ҳамла аз самти Афғонистон сурат гирифтааст.
Манбаъҳо дар ноҳияи Дарвоз рӯзи 1-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳодиса шоми гузашта дар ҳудуди деҳаи Шодаки ҷамоати Вишхарви ноҳия рух додааст.
Ба иттилои манбаъҳо, ҳодиса замоне рух додааст, ки коргарони чинӣ дар яке аз туннел ё нақбҳои хурд дар роҳи навбунёди Қалъаихумб-Ванҷ-марзи Рӯшон машғули кор буданд.
Тафсилоти бештари ҳодиса дар даст нест. Ба гуфтаи манбаъҳои Радиои Озодӣ, ҳоло ҷасадҳо дар беморхонаи марказии ноҳияи Дарвоз қарор доранд ва баъди ташхис ба Душанбе интиқол дода мешаванд.
Расонаҳои Афғонистон ҳам бо такя ба манбаъҳои худ хабар додаанд, ки дар ҳамла ба шаҳрвандони чинӣ аз силоҳҳои сабук истифода шудааст.
"Afghanistan International" навиштааст, ки дар ин ҳамла зоҳиран нерӯҳои марзбонии Толибон, ки аз дигар минтақаҳо дар Моймай омада буданд, даст доштаанд.
Ҳанӯз ангезаҳои ҳамла маълум нест ва шахсияти қурбониён эълон нашудааст.
Деҳаи Шодаки ҷамоати Вишхарви ноҳияи Дарвоз, ҷойе, ки ҳамла ба роҳсозони чинӣ сурат гирифтааст, бо вулусволии Моймайи Дарвози вилояти Бадахшони Афғонистон ҳаммарз аст.
Ҳамла ба шаҳрвандони Чин дар Дарвоз дар ҳоле сурат мегирад, ки дар пайи ҳамлаи маргбор ба марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ва кушта шудани се нафар дар рӯзи 26-уми ноябр, Чин аз шаҳрвандонаш хост, аз минтақаи марзӣ берун шаванд.
Дар ҳамлаи мусаллаҳона, ки шаби 26-уми ноябр ба қароргоҳи як корхонаи заршӯӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин аз кишвари ҳамсоя анҷом шуд, 3 шаҳрванди Чин кушта шуда, як корманди дигари чинӣ дар ҷараёни тирандозӣ сахт захмӣ шуданд.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар ин ҳамла ва тирандозии чанд рӯз пеш дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин панҷ коргари чинӣ кушта ва панҷ тани дигар захмӣ шудаанд. Чин ва ҳукумати "Толибон" дар Афғонистон то кунун дар бораи ҳодисаи Дарвоз ба таври расмӣ ибрози назар накардаанд.