Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар Дубай 13 муштзани тоҷик иштирок мекунад


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Муштзанҳои тоҷик дар мусобиқаи XIII қаҳрамонии бокси ҷаҳон байни мардон, ки аз 2-юм то 13-уми декабр дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

Дар рақобатҳо дар 13 вазн, ки аз ҷониби Шӯрои мудирони IBA (Ассотсиатсияи байналмилалии бокс) моҳи июли соли 2021 тасдиқ шудааст, муштзанҳои беш аз 120 кишвар иштирок хоҳанд кард.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 13 нафар муштзанҳо - Меҳрон Шафиев (48 кг), Меҳроҷ Суфиҷонов (51 кг), Анӯшервон Фозилов (54 кг), Хусравхон Раҳимов (57 кг), Акмал Убайдов (60 кг), Руслан Ғафуров (63,5 кг), Шамшер Саидов (67 кг), Довуд Маҳкамов (71 кг), Шаҳобҷон Шукуров (75 кг), Некрӯз Салимов (80 кг), Парвиз Каримов (86 кг), Наврӯз Ҷафоев (92 кг) ва Муҳаммад Аброриддинов (+92 кг) - муаррифӣ мекунанд.

Маросими ифтитоҳи мусобиқа 2-юми декабр соати 22:00 бо вақти Душанбе барпо мегардад. Рақобатҳои даврҳои муқаддамотӣ, чаҳорякниҳоӣ ва ниманиҳоӣ аз 3-юм то 11-уми декабр ва сабқати ниҳоӣ 13-уми декабр доир мешаванд.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқот 8,32 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар як вазн 300 ҳазор доллар, соҳибони ҷойи дуюм 150 ҳазор доллар, ҷойи сеюм — 75 ҳазор доллар, ҷойи 5-ум 10 ҳазор доллар мегиранд. Аз ин маблағ 50% ба муштзанҳо, 25% ба мураббӣ ва 25% ба федератсияҳои миллӣ супурда мешавад.

Ёдовар мешавем, дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси ҷаҳон байни мардон, ки моҳи майи соли 2023 дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, Тоҷикистонро дувоздаҳ муштзан намояндагӣ кард. Аз байни онҳо танҳо Баҳодур Усмонов медал гирифт.

Вай дар вазни то 63,5 кило баъд аз се пирӯзӣ ба рақибонаш аз Танзания, Урдун ва Марокаш ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Баҳодур дар чаҳорякфинал бар муштзани тайландӣ Хунатип Пуднич пирӯз шуда, ба нимфинал баромад. Аммо муштзани тоҷик дар даври ниманиҳоӣ аз Чинзориг Баатурсухи муғул мағлуб шуда, дар натиҷа мақоми сеюмро касб кард ва бо медали биринҷӣ, инчунин ҷоизаи молӣ ба маблағи 50 ҳазор доллар сарфароз гардид.

Бояд гуфт, ки Баҳодур Усмонов баъди дувоздаҳ сол барои Тоҷикистон аз қаҳрамонии бокси ҷаҳон байни мардон медал овард. Зимнан, соли 2011 муштзани тоҷик Анвар Юнусов дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар Боку дар вазни то 56 кило соҳиби медали биринҷӣ шуда буд.

XS
SM
MD
LG