Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ал-Наср" бо "Истиқлол" бе Криштиану Роналду бозӣ мекунад


Дастаи "Истиқлол"-и Тоҷикистон дар даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуи AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2025/26 бо тими "Ал-Наср"-и Арабистони Саудӣ вориди рақобат мешавад.

Ин бозии гурӯҳи "D" 26-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор соати 18:45 оғоз меёбад. Шоми 25-уми ноябр дар маҷлисгоҳи ин варзишгоҳ нишасти матбуотӣ доир мегардад, ки дар он сармураббиёни дастаҳо - Игор Черевченко ("Истиқлол") ва Жоржи Жезуш ("Ал-Наср") - ба саволҳои рӯзноманигорон посух медиҳанд.

Ба иттилои сомонаи бошгоҳи футболи "Истиқлол"-и Душанбе, тими "Ал-Наср", ки дар ҳайати он баъзе аз ситораҳои футболи ҷаҳонӣ, ба мисли Феликс, Мане, Брозович, Мартинес ва дигарон ҳунарнамоӣ мекунанд, шаби 24-уми ноябр ба Тоҷикистон омад.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмононро намояндагони бошгоҳи футболи "Истиқлол", сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон, ҳамчунин хабарнигорону мухлисон пешвоз гирифтанд.

Аммо ҳамлагар, капитан ё сарвони дастаи “Ал-Наср” портуғолӣ Криштиану Роналду аз сафар ба Тоҷикистон худдорӣ кардааст. Зеро ин бозӣ барои бошгоҳи Саудӣ чандон аҳамият надорад. «Ал-Наср» аллакай ба плей-оффи мусобиқот роҳ ёфтааст.

Қаблан “Истиқлол” дар даври аввал дар меҳмонӣ 17-уми сентябр аз тими “Ал-Наср” бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрда буд. Дар он бозӣ ҳам Роналду иштирок надошт. Дар бозии даври дуюм дар меҳмонӣ бо тими “Ал-Завра”-и Ироқ низ ин ҳамлагар ширкат накард. Бозиҳои даврҳои сеюму чаҳоруми “Ал-Наср” бо тими “Гоа”-и Ҳиндустон низ бе ҳузури Роналду гузаштанд.

Бозии дигари даври 5-уми мусобиқот дар гурӯҳи “D” миёни дастаҳои

“Ал-Завра” (Ироқ) – “Гоа” (Ҳиндустон) дар шаҳри Бағдод соати 21:00 бо вақти Душанбе шуруъ мешавад.

“Ал-Наср”, ки бо 12 имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи “D” дар ҷойи аввал аст, ба марҳилаи ҳаштякниҳоӣ роҳхат гирифтааст. Барои роҳхати дуюм «Истиқлол» ва «Ал-Завра», ки шашимтиёзӣ доранд, муборизаро идома медиҳанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо бағдодиҳо дар ҷойи дуюм ва душанбегиҳо дар ҷойи сеюм қарор доранд. “Гоа” бидуни имтиёз дар зинаи охирин мебошад.

Мусобиқот дар Лигаи қаҳрамонҳои дуи AFC бо ширкати 32 даста сурат гирифтааст. Дастаҳо ба ду минтақа – Шарқ ва Ғарб - тақсим шудаанд. Ҳар як минтақа аз 16 даста иборат мебошад.

“Истиқлол” ба минтақаи Ғарб дохил аст. Дастаи ғолиби минтақаҳо ҳуқуқ пайдо мекунад, ки соли оянда дар Лигаи элита ё бартари бошгоҳҳои футболи Осиё иштирок намояд.

Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуи AFC-2025/26

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи “D”

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)

«Ал-Завра» (Ироқ)

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Гоа» (Ҳиндустон)

Даври 1-ум

«Гоа» (Ҳиндустон) - «Ал-Завра» (Ироқ) – 0:2

Голҳо: Розиқ Банӣ Ҳанӣ, 44 (0:1), Низор Ал-Рашдан, 90+5 (0:2)

17-уми сентябр. Гоа. Варзишгоҳи Ҷавоҳирлол Неҳру

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) - «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 5:0

Голҳо: Абдулраҳмон Ғариб, 14 (1:0). Ангело, 17 (2:0). Уэсли Тейшера, 59 (3:0. Кинсли Коман, 89 (4:0). Садио Мане, 90+3 (5:0).

17-уми сентябр. Риёз. Варзишгоҳи Донишгоҳи Шоҳ Сауд

Даври 2-юм

«Истиқлол» (Тоҷикистон) - «Гоа» (Ҳиндустон) – 2:0

Голҳо: Рустам Соиров, 46 (1:0), Ризо Деҳқонӣ, 74 (2:0)

1-уми октябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ

«Ал-Завра» (Ироқ) - «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – 0:2

Голҳо: Абдуллоҳ Ал-Хайбарӣ, 52 (0:1), Жоао Феликс, 81 (0:2)

1-уми октябр. Бағдод. Варзишгоҳи Ал-Завра

Даври 3-юм

«Истиқлол» (Тоҷикистон) - «Ал-Завра» (Ироқ) -– 2:1

Голҳо: Иброҳим Гбадамосӣ, 4 (0:1), Амирбек Ҷӯрабоев, 20 (1:1), Шон Пол Комолафе, 84 (2:1)

22-юми октябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ

«Гоа» (Ҳиндустон) - «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – 1:2

Голҳо: Ангело,10 (0:1), Ҳорун Камара, 27 (0:2), Брисон Фернандес, 41 (1:2).

22-юми октябр. Гоа. Варзишгоҳи Ҷавоҳирлол Неҳрӯ

Даври 4-ум

«Ал-Завра» (Ироқ) - «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 2:1

Голҳо: Ҳасан Абдулкарим, 7 (1:0), Иброҳим Гвадамоси, 53 – аз пеналти (2:0), Амирбек Ҷурабоев, 64 – аз пеналти (2:1).

5-уми ноябр. Бағдод. Варзишгоҳи “Ал-Завра”. 11700 тамошобин.

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) - «Гоа» (Ҳиндустон) – 4:0

Голҳо: Абдулраҳмон Ғариб, 35 (1:0), Абдулраҳмон Ғариб, 53 (2:0), Муҳаммад Маран, 65 (3:0), Ҷоао Феликс, 84 (4:0).

5-уми ноябр. Риёз. Варзишгоҳи Донишгоҳи Шоҳ Сауд

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “D”:

ҶДастаҳоБҒМБТИ
1“Ал-Наср”440013-112
2“Ал-Завра”42025-56
3“Истиқлол”42025-86
4“Гоа”40041-100

Даври 5-ум

26-уми ноябр (чоршанбе)

18:45 – “Истиқлол” (Тоҷикистон) – “Ал-Наср” (Арабистони Саудӣ)

Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

21:00 – “Ал-Завра” (Ироқ) – “Гоа” (Ҳиндустон)

Бағдод. Варзишгоҳи “Ал-Завра”

XS
SM
MD
LG