Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Австрия ва Португалия ба финали қаҳрамонии футболи ҷаҳон (U-17) роҳ ёфтанд


Бозигарони дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва Чехия
Бозигарони дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва Чехия

Дастаҳои мунтахаби Австрия ва Португалия ба финали мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳон миёни наврасони то 17-сола, ки дар Қатар ҷараён дорад, роҳ пайдо карданд.

Футболбозони навраси Австрия дар даври ниманиҳоӣ бар тими мунтахаби Италия бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуданд. Ҳарду голро Ҷоҳанес Мосер (57, 90+3) ба самар расонд.

Замони асосии бозии ниманиҳоӣ байни дастаҳои Португалия ва Бразилия бо ҳисоби 0:0 хотима ёфт. Дар задани силсилаи пеналти кори португалиҳо омад кард ва бо ҳисоби 6:5 ғолиб шуданд.

Ба ин тартиб, 27-уми ноябр нахуст дастаҳои Бразилия ва Италия барои ҷойи сеюм рақобат мекунанд. Сипас дар ин рӯз бозии ниҳоӣ байни тимҳои Португалия ва Австрия баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Марко Раҷини, мутахассиси итолиёӣ, аз ҳаққи ширкат дар даври 1/16-ниҳоии мусобиқот маҳрум гашт.

Пас аз натиҷагирии бозиҳои даври сеюм дар ҷадвали гурӯҳи “I” мунтахаби ИМА (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) бо 9 имтиёз мақоми аввалро соҳиб шуд. Тими Буркина-Фасо бо 6 имтиёз ҷойи дуюмро гирифт. Ин ду дастаи мунтахаб мустақиман ба плей-офф баромад.

Чехия бо 3 имтиёз ҷойи сеюмро касб карда, дар қатори ҳашт дастаи натиҷаҳояш хуби ҷойҳои сеюм ба марҳилаи баъдӣ роҳ пайдо кард. Аммо тими мунтахаби Тоҷикистон бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум - ҷойгир шуда, аз ҳаққи ширкат дар даври плей-офф маҳрум гардид.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бори сеюм дар таърихи худ дар қисми ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон иштирок кард. Қаблан футболбозони навраси тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Кореяи Ҷанубӣ (соли 2007) ва Бразилия (соли 2019) ширкат варзида буданд.

Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2025 бар асоси қуръакашӣ 48 даста ба 12 гурӯҳ тақсим шуда буд. Аз ҳар як гурӯҳ ду дастаи пешсаф мустақиман ба даври баъдӣ роҳ ёфт, инчунин ҳашт дастаи ҷойҳои сеюм бо натиҷаҳои беҳтар аз гурӯҳ боло рафт.

Қаҳрамони феълии ҷаҳон мунтахаби наврасони то 17-солаи Олмон мебошад, ки дар финали мусобиқоти соли 2023-юм дар Индонезия дастаи Фаронсаро шикаст дода буд.

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2025 миёни наврасон

(U-17)

Нимфинал

24-уми ноябр (душанбе)

Австрия (U-17) – Италия (U-17) – 2:0

Голҳо: Ҷоҳанес Мосер (57, 90+3)

Португалия (U-17) – Бразилия (U-17) – 0:0 – аз рӯйи пеналти - 6:5

27-уми ноябр (панҷшанбе)

Бозӣ барои ҷойи сеюм

17:30 - Бразилия (U-17) - Италия (U-17)

Давҳа. Aspire Zone - Pitch 7

Финал

21:00 - Португалия (U-17) – Австрия (U-17)

Давҳа. Варзишгоҳи байналмилалии Халифа

XS
SM
MD
LG