Обанборҳои "ташна" дар Эрон. Аксҳои моҳвораӣ
Тасвирҳои моҳворавӣ аз кӯлу обанборҳо дар Эрон бозгӯйи буҳрони хушксолӣ дар ин кишвар ҳастанд. Муқоисаи аксҳои нав бо аксҳои як сол пеш.
Моҳи ноябри 2024
Моҳи ноябри 2025
5
Сарбанди Рудбол. Ин сарбанд дар ҷануби вилояти Форс ҷойгир шудааст ва оби мавриди ниёзро барои обёрӣ ва мардуми маҳаллӣ дар минтақае, ки аксаран таҳти таъсири хушксолӣ қарор дорад, таъмин мекунад.
Моҳи ноябри 2024
Моҳи ноябри 2025
6
Сарбанди Донишманд. Ин сарбанд дар наздикии Гунбади Ковус дар вилояти Гулистон ҷойгир аст ва оби мавриди ниёзи обёрӣ ва масрафи маҳаллиро дар саросари заминҳои кишоварзии шимол-шарқи Эрон таъмин мекунад. Ин сарбанд барои танзими ҷараёнҳои мавсимӣ дар минтақае, ки ба хушксолӣ ва обхезӣ дучор мешавад, кумак мекунад.
Моҳи ноябри 2024
Моҳи ноябри 2025
7
Сарбанди Фаримон: Сарбанди Фаримон, ки дар наздикии дуввумин шаҳри калони Эрон, яъне Машҳад дар вилояти Хуросони Разавӣ воқеъ шудааст, ҳам аз таъмини оби шаҳрӣ ва ҳам кишоварзӣ дар марказҳои сераҳолии рӯ ба рушди шимол-шарқи Эрон пуштибонӣ мекунад.
Моҳи ноябри 2024
Моҳи ноябри 2025
8
Кӯли Урумия: Урумия замоне калонтарин кӯли шӯри Ховари Миёна буд. Заволи он ҳоло системаи муҳитзистӣ ва воситаҳои зиндаги мардум дар саросари шимол-ғарби Эронро таҳдид карда, ҳикоят аз амиқтар шудани бӯҳрони об дар минтақа дорад.