Шумори онҳое ҳам, ки ба зебогии андоми худ ва ҳифзи сиҳатӣ таваҷҷуҳ доранд, бештар мешавад. Духтарон, яке барои лоғар шудан, дигаре баръакс барои вазнгирӣ, аммо ҳама барои тақвияти саломатӣ ба фитнесклуб мераванд.
Кимиё, як сокини Душанбе чанд моҳ боз дар яке аз толорҳои варзишии шаҳр машқ мекунад.
“Ман ба ҳайси модел кор мекунам ва бисёр муҳим аст, ки вазнамро нигоҳ дорам. Пеш аз интихоб кардани зал ман ҳам бисёр ҷойҳо рафтам, муқоиса кардам. Замони инҷо омадан, тахфиф буд. Ман ин ҷойро интихоб кардам ва аз он розиям,”-- гуфт вай.
Моҳистон, сокини дигар Душанбе 3 сол боз ба толори варзишӣ меравад. Мегӯяд, агар хоҳиш бошад, вақт ва пул пайдо мешавад. Вай гуфт: “Ман ба хотири саломатиям машқ мекунам. Вазнам 77 кило буд, ҳоло 62 шуд. Хеле вазн кам шуд. Агар хоҳед, ҳазор тариқ метавонед сарф кунеду машқ оед. Барои баъзеҳо муносибат аст, барои баъзеҳо не.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Варзиши занон: Яке мехоҳад лоғар шавад, дигаре мехоҳад вазн гирад
Яке аз вижагиҳое, ки ҳоло дар ин ва аксар толорҳои дигари варзишӣ ё фитнесклубҳои Душанбе дида мешавад, ин ҷудо будани ҷойи машқи занон аз мардон аст. Кормандони ин соҳа мегӯянд, ин корро бо талаби муштариён кардаанд.
Манижа Алиева, маъмури толори варзишии “Профит фитнес” дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “На ҳама занҳо мехоҳанд, ки бо мардон машқ кунанд, аз ин хотир танҳо барои занон ҷой омода кардем. Тамоми таҷҳизоте, ки зарур аст, инҷо ҳаст. Машқҳои гуруҳӣ дорем, рақсҳо. Ҳастанд занҳое, ки аз 50 сол зиёд доранд ва барои нигоҳ доштани саломатии худ меоянд. Ҳамчунин, наврасон низ ҳастанд.”
Шумори толорҳои хурду бузурги варзишӣ дар Душанбе торафт бештар мешаванд. Вобаста ба шароиту хидматрасонӣ арзиши машқ дар онҳо фарқ мекунад. Дар толорҳои варзишии калонтар, ки ҳавзи шиноварӣ доранду бо дастгоҳи махсуси муосири машқи бадан муҷаҳҳазанд, обунаи моҳона аз 800 – 1000 сомонӣ болост. Машқгоҳҳое бо нархи аз 400 то 600 сомонӣ ҳам ҳастанд. Вале на ҳама тавони пардохти ин маблағро доранд.
Мисли Нигора, ки барои рафтан ба толори варзишӣ шароит надорад, вале мехоҳад вазн партояд ва дар хона машқ мекунад. “Аз интернет машқҳо скачат кардагием, аз рӯи ҳамон иҷро мекунем. Ба ман дастрастар курси диетолог ғалтид. 180 сомонӣ 21-рӯза харидам. Бо вай ҳам хароб мешавӣ, лекин дертар. Агар нархи фитнесклубҳо дастрас мебуд ба мо, ба вай мумкин тезтар хароб мешидем. Таъсираш соз.”
Таҳлилгарони соҳа нисбатан гарон будани нархи хидматрасонӣ дар толорҳои калони варзишӣ ва камбуди муррабиёни касбиро аз мушкил дар ин самт меноманд.
Мансур Муҳиддинов, довари дараҷаи байналмилалӣ ба Озодӣ гуфт: “Якум пайдо кардани муттахасисони сатҳи баланд, дуюм пул. Агар ҳаққи машқ дар толор каме паст мешуд, ки нафарони одӣ ҳам рафта метавонистанд, хуб мешуд.”
Ба гуфтаи коршиносон, дар маҷмӯъ солҳои ахир таваҷҷӯҳи сокинон ба варзиш ва нигоҳубини бадани худ бештар шудааст. Онҳо бар инанд, ки соатҳои дарози кор сабаби камқувватии ҷисмонӣ ва афсурдагӣ мешаванд ва тамрин дар фитнес-клуб метавонад ин холигоҳҳоро пур кунад.