Ин тасмим ҳам пас аз он гирифта шуд, ки дар ҳамлаи як муҳоҷир аз Афғонистон дар Вашингтон ба сарбозони Горди Миллӣ, як нафар ҳалок ва як тани дигар маҷруҳ шуд. Дар пай президенти Амрико хост, сиёсати муҳоҷират тағйир дода шавад.
Ҷо Эдлоу, раҳбари Хадамоти шаҳрвандӣ ва муҳоҷирати ИМА дар изҳороте дар саҳфаи “X” навишт: “Бо дастури президент ман супориш додам, ки ҳар як грин корте, ки ба шаҳрвандони кишварҳои мавриди нигаронӣ дода мешавад, ҷиддан ва ҳамаҷониба санҷида шавад. ”
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Додани Грин-корт барои баъзеҳо қатъ шудБа суол дар бораи ин, ки кадом кишварҳо ба ин феҳраст шомил хоҳанд шуд, ин ниҳод ба баёнияи президент дар моҳи июни соли равон ишора кардааст, ки ба 19 кишвар, аз ҷумла як давлати Осиёи марказӣ равона шудааст.
Ба ин феҳраст аз ҷумла кишварҳое чун, Афғонистон, Мянмар, Ҷумҳурии Конго, Гвинея, Эрон, Сомалӣ, Судон, Яман, Венесуэла ва Туркманистон шомиланд. Бар асоси ин қарор, вуруди шаҳрвандони 19 кишвар ба Амрико қисман ё пурра маҳдуд шудааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Корти сабз - роҳе, ки садҳо кас мехоҳад ба Амрико равад. ВИДЕО