Раҳбари дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Украина истеъфо дод

Раҳбари дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Украина аз мақомаш истеъфо дод. Дар ин бора Владимир Зеленский дар як муроҷиаташ ба сокинони ин кишвар хабар дод.

Субҳи ҷумъа, 28-уми ноябр Идораи миллии мубориза бо коррупсия дар Украина ва Додситонии махсуси зидди коррупсия хонаи Андрей Ермакро тафтиш ва ҷустӯҷу кардаанд. Расонаҳои Украина бо такя ба манбаъҳои худ хабар доданд, ки ҳанӯз муфаттишон ба Ермак нагуфтаанд, ки ӯро ба чӣ гумонбар медонанд.

Маълум нест, ки ҷустӯҷуҳо ба чӣ сабаб сурат гирифтаанд. Зоҳиран он ба амалиёте бо номи “Мидас”, ки аз сӯйи Идораи миллии зидди фасоди Украина барои ришвахорӣ дар самти энержӣ гузаронида мешавад, рабт дорад. Гумонбари аслӣ дар ин қазия, соҳибкор Тимур Миндич аст, ки Украинаро тарк кард. Вай аз ҳалқаҳои наздик ба президент Владимир Зеленский будааст.

Андрей Ермак яке аз мансабдорони бонуфузи Украина аст. Расонаҳо аз ӯ шахси дуввуми кишвар ҳам ном мебурданд. Вай соли 2020 раҳбари дастгоҳи раёсати ҷумҳурии таъин ва яке аз афроди наздики Владимир Зеленский шуд. Ҳафтаи гузашта Ермак ҳайати музокиротии Украинаро дар гуфтугӯҳо бо Амрико дар Женева дар бораи поён додан ба ҷанг роҳбарӣ мекард.

Пас аз сар задани моҷаро оид ба ришвахорӣ дар бахши “Энергоатом” мухолифони Зеленский ва бархе аз муттаҳидонаш истеъфои Ермакро талаб карданд, вале рӯзи 20-уми президент таъкид карда буд, қасди тағйири раҳбари дастгоҳашро надорад.