Ҳушдори сафорати Амрико дар Душанбе дар бораи "Green Card”

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон эълон кард, ки ба зудӣ дар бораи барномаи DV2027 ё даври навбатии озмуни "Green Card” маълумот дода мешавад. Ин ниҳод бо нашри баёнияе рӯзи 29-уми ноябр ба сокинон ҳушдор додааст, ки эҳтиёт кунанд ва ба “миёнаравоне, ки иддао доранд, сабтином... аллакай оғоз шуд” бовар накунанд.

Сафорат ҳамчунин аз оғози муборизаи ҳукумати Амрико бо қаллобӣ ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ хабар додааст. Ба иттилои ин ниҳод, рӯзҳои наздик тариқи сомонаҳои расмии Иёлоти Муттаҳда дар бораи сабти дархост барои "Green Card" маълумот дода мешавад. Ин ниҳод таъкид кардааст, ки корбарон бояд фақат ба сомонаҳое бовар ва такя кунанд, ки дар охираш навиштаи ".gov" доранд.

Солҳои пеш озмун барои дархости "Green Card" дар аввали моҳи октябр эълон мешуд, вале имсол рӯзи дақиқи он маълум нест. Хоҳишмандони зиёде дар Тоҷикистон оғози сабтином барои корти сабзро интизоранд ва бо вуҷуди он ки санаи он маълум нест, аз пеш дар марказҳои махсуси хидматрасонӣ навбат гирифтаанд.

Амрико барои муҳоҷирон кишвари фурсатҳо ва ҷойи кору ояндаи хубе арзёбӣ мешавад, аз ин рӯ, аз ҳар гӯшаи дунё, аз ҷумла Тоҷикистон, бо ҳар роҳе талош мекунанд, ба ин кишвар бирасанд.

Аз Тоҷикистон соли гузашта наздики се ҳазор нафар барандаи лотерея шуданд.

Департаменти давлатии Амрико барои хоҳишмандони ширкат дар бахтозмоӣ ё лотереяи ҳаққи иқомат дар Амрико ё “Грин корт” бори аввал пардохти ҳатмие ба миқдори 1 доллар ҷорӣ намуд.