Масъулони Шабакаҳои тақсими барқ бо фиристодани паёмак ба мардум, аз ҷумла сокинони Душанбе, ҳушдор додаанд, ки агар онҳо дар як вақт аз 4 киловат бештар барқ истифода баранд, интиқоли барқ ба хонаҳояшон барои 30 дақиқа ба таври худкор қатъ мегардад. Ин муроҷиат ба сокиноне рабт дорад, ки аз ҳисобгираки якфаза (220В) истифода мебаранд.
Аз мардум хоста шудааст, ки дар як вақт аз чанд дастгоҳи барқӣ, ба мисли уту (дарзмол), печҳо ва дастгоҳи ҷомашӯӣ истифода накунанд.
Мақомот зарурати кам кардани истифодаи барқро ба камшавии об дар дарёҳо рабт додаанд, ки ба гуфтаи онҳо ба ҳаҷми истеҳсоли он таъсир расондааст.
Шабакаҳои тақсими барқ дар паёмак ба сокинон гуфтааст, ин чораҳо муваққатӣ буда, барои сарфаи об роҳандозӣ шудаанд.
Ҳафтаҳои охир сокинони зиёде дар Душанбе аз мушкили бебарқӣ ва ҷорӣ шудани маҳдудият ё лимити шадид шикоят доранд. Дар бисёре аз ноҳияву минтақаҳои дигари Тоҷикистон сокинон мегӯянд, дар шабонарӯз ҳамагӣ 1-3 соат барқ доранд.
Дар як номаи дигар, ки бо имзои раҳбари Шабакаҳои тақсими барқ ба мақомоти зертобеи он фиристода шудааст, гуфта шудааст, ки барқ тавассути ҳисобкунакҳои ҳушманд "мувофиқи навбат ва бо тартиби муайян аз системаи биллингӣ хомӯш карда мешавад".
Дар ин нома, ки нусхаи он ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, дастур шудааст, ки барқи корхонаҳои давлатӣ ва идораҳои буҷавӣ аз соати шаши бегоҳ то оғози рӯзи корӣ қатъ шавад. Ҳушдор дода шудааст, ки дар сурати саркашӣ аз ин дастур, шахсони масъул ҷазо хоҳанд гирифт.