Боздошти як муҳоҷири тоҷик барои гуё дуруст шуморидани ҳамла ба "Крокус"

Як муҳоҷири тоҷикро дар шаҳри Санкт-Петербург барои гуё дуруст шуморидани ҳамлаи маргбор ба "Крокус Сити Ҳол"-и Маскав боздошт кардаанд.

Қудрат Қурбонови 28-сола бо қарори додгоҳи "Октябрский" то 26-уми январи соли оянда ба ҳабс гирифта шудааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти додгоҳҳои шаҳри Санкт–Петербург, Қурбонов моҳи марти соли 2024 дар паёмрасони худ ба ҷонибдорӣ аз ҳамлагарони "Крокус" чанд шарҳ навиштааст. Ин амали ӯ "дуруст шумурдани терроризм" арзёбӣ шудааст.

Дафтари матбуоти додгоҳҳои Санкт–Петербург гуфтааст, нисбат ба Қурбонов барои "изҳороти ошкоро ва дуруст шуморидани идеологияи террористӣ, сафедкунии оммавии терроризм ва ё таблиғи он", парванда боз шудааст.

Хабаргузории русии ТАСС бо такя ба манбаъҳои худ дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ навиштааст, Қурбонов шаҳрванди Тоҷикистон ва гуё ҷонибдори гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" ё ДОИШ будааст.

Назари Қудрат Қурбонов ва наздикони ӯ ба ин иттиҳом маълум нест. Ба иттилои додгоҳ, вай ба гуноҳи худ иқрор шудааст.

Моҳи марти соли гузашта як шаҳрванди дигари Тоҷикистон ҳам дар Санкт-Петербург барои нашри навори ҳамлаи "Крокус" дар Телеграм ва ҷонибдорӣ аз он дастгир шуда буд. Аз ӯ Баҳодур Зуҳуров ном бурданд, ки 26 сол доштааст.

Ҳамлаи маргбор ба "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав дар моҳи марти соли 2024 ба оғози маъракаи сартосарии саркӯбу фишор ва ихроҷи муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия сабаб шуд. Муҳоҷирон мегӯянд, фишору саркуб ва боздоштҳо бо ҳар баҳона то ба ҳол идома доранд.