"Чаҳорчӯби возеҳтари сулҳ" барои поён додан ба ҷанги Русия дар Украина

Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико (рост) бо Андрей Ермак, роҳбари ҳайати Украина (чап). Женева, 23-юми ноябри 2025

Иёлоти Муттаҳида ва Украина як “чаҳорчӯби навшуда ва возеҳтари сулҳ”-ро барои поён додан ба ҷанг бо Русия таҳия кардаанд, ки зоҳиран аз тарҳи пешинаи ҳукумати Доналд Трамп тафовут дорад. Украина ва ҳампаймонҳояш тарҳи пешинаи хатми ҷангро аксаран ба нафъи Русия хонда, изҳори нигаронӣ карда буданд.

Ҳайатҳои Амрико ва Украина пас аз музокирот дар шаҳри Женева натиҷаҳои онро “бисёр босамар” номида, гуфтанд, ки музокирот рӯзҳои наздик идома мекунад. Кохи Сафед гуфт, тарҳи навшуда кафолатҳои қавитари амниятиро дар бар мегирад ва манфиатҳои миллии Украинаро инъикос мекунад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Тарҳи ИМА барои сулҳ дар Украина. Зеленский: ба манофеи худ хиёнат намекунем

Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико, гуфт: “Мо рӯзи бисёр хубе доштем. Фикр мекунам, ки ба пешрафти бузурге ноил шудем.” Ӯ рӯзи якшанбе гуфт, ки дар тарҳи поён додан ба ҷанг дар Украина пешрафти назаррас ба даст омадааст, аммо дар бораи кафолатҳои амниятӣ ба Украина дар баробари нигарониҳо аз таҳдиди Русия ҳеч гуна созиш ҳосил нашудааст.

“Ҳамаи мо дарк мекунем, ки хотима додан ба ҷанг, бояд ин эҳсосро ҳам ба Украина бидиҳад, ки дар амон аст ва ҳаргиз мавриди ҳамла ё таҷовуз қарор намегирад," – афзуд Рубио.

Мақомоти Украина, Амрико ва Аврупо рӯзи якшанбе дар Женева тарҳи пешниҳодии Иёлоти Муттаҳидаро баррасӣ карданд. Пеш аз ин гуфтугӯҳо Украина ва муттаҳидонаш аз он чӣ, ки гузаштҳои бузург ба Русия хондаанд, изҳори нигаронӣ карданд.

Бар асоси тарҳи 28-бандӣ, Украина бояд аз баҳри қисмате аз қаламраваш мегузашт, артиши хурдтаре медошт ва орзуи пайвастан ба НАТО-ро фаромӯш мекард. Барои бисёре аз украиниҳо, чунин шартҳо пас аз тақрибан чаҳор соли мубориза бо Русия ба таслим шудан баробар хоҳад буд.

Мақомоти Аврупо гуфтанд, ки дар таҳияи ин тарҳ бо онҳо машварат нашудааст. Онҳо рӯзи якшанбе як нусхаи дигареро пешниҳод карданд, ки таслими қаламравҳо ва маҳдудиятҳо дар нерӯҳои мусаллаҳи Киевро дар бар намегирад.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ба Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина то рӯзи панҷшанбе фурсат дод, ки тарҳро бипазирад, аммо рӯзи шанбе гуфт, ки пешниҳоди ӯ ниҳоӣ нест. Трамп рӯзи якшанбе навишт, Украина талошҳои Амрикоро барои хотима додан ба ҷанг аслан “қадрдонӣ” намекунад.

Пас аз чанде, Андрей Ермак, роҳбари ҳайати Украина, ба Трамп барои тааҳудоташ ба Киев изҳори сипос кард: “Мо ба дӯстони бузурги худ, Иёлоти Муттаҳида ва шахсан раисҷумҳур Трамп ва дастаи ӯ барои аҳдашон барои овардани сулҳ сипосгузорем.”

Чанд дақиқа пас, Зеленский низ дар паёме дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба Трамп ташаккур гуфт. Ду манбаъ ба хабаргузории “Рейтерс” гуфтанд, ки мақомоти Амрико ва Украина имкони сафари Зеленский ба Вашингтон ва мулоқоти ӯро бо Трамп барои арзёбии тарҳи сулҳ баррасӣ мекунанд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Амрикову Украина дар тарҳи поён додани ҷанг пешрафт кардаанд