Дар Амрико баъди ду аср истеҳсоли хурдтарин пули филизӣ ба поён расид 

Дар ИМА таърихи беш аз дуасраи истеҳсоли тангаи яксентӣ ё пеннӣ расман ба поён расид. Дар маросиме, ки 12-уми ноябр дар корхонаи зарробии Филаделфия бо иштироки Брендон Бич, хазинадори ҳукумати Амрико барпо шуд, хабарнигорон тавлиди охирин тангаҳои амрикоиро дар таърихи 232-солаи ин кишвар шоҳид шуданд.

Моҳи феврали имсол президент Доналд Трамп ба Идораи хазинадорӣ амр дод, ки истеҳсоли ба гуфтаи ӯ “пурхарҷи” пенниҳоро хотима диҳанд. Дар пайи ин истифодабарандагони фаъоли пулҳои оҳанӣ – истгоҳҳои фурӯши сӯзишворӣ, автоматҳои ширинию хӯрокҳои зудпаз маҷбур дар пайи иваз кардани шеваи хадамот шуданд.

Мақомоти амрикоӣ ҳисоб кардаанд, ки харҷи истеҳсоли як пеннӣ дар даҳ соли охир аз 1,42 то 3,69 сент афзоиш ёфта, зиёновар шудааст.

Брендон Бич, хазинадори ҳукумати ИМА гуфт,“танҳо аз ҳисоби қатъи истеҳсоли пеннӣ соле андоздиҳандаҳои амрикоӣ 56 миллион долларро сарфа хоҳанд кард”.

Ӯ гуфт, ки ҳоло пеннӣ бо арзиши 300 миллиард доллар дар гардиш мебошад ва баъди қатъи истеҳсоли он ҳам, истифодааш дар дасти мардум идома хоҳад кард.

“Бо назардошти навшавии босуръати ҳамёни амрикоиҳо ва хазинадорӣ президент Трамп ба ин андешаанд, ки идомаи истеҳсоли пеннӣ барои ҷомеаи Амрико дигар як амри зарурии молӣ намебошад”, - афзуд Хазинадори ҳукумати ИМА.

Ҳукумати Амрико пенниро соли 1793 ҷорӣ намуда, аз соли 1909 дар рӯи он акси президент Абраҳам Линколнро сикка заданд. Барои сохтани ин тангаҳои хурд руҳ ва мис ба кор меравад.

Дар Тоҷикистон дирамҳо дар нақлиёт ба кор мераванд

Таҷрибаи дасткашӣ аз истеҳсоли тангаҳои хурдро дар давлатҳои дигари мисли Канада, Австралия, Ирландия, Зеландияи Нав ҳам роҳандозӣ кардаанд. Дар кишвари аврупоии Чехия соли 2008, баъди истифодаи 15-солаи хурдтарин сикаҳои металлии 10, 20 ва 50-ҳеллерӣ аз истифодаи он даст кашиданд. Вале дар муомилаҳои бонкӣ ин арзиш ҳифз шуда, масалан, агар маҳсулот 30 крону 50 ҳеллер нарх дорад, бо корти бонкӣ ҳамин пул ва бо пули нақд аз муштарӣ 31 крон гирифта мешавад. Агар нархи маҳсулот 30 крону 40 ҳеллер буд, пас бо пули нақд нархи он то 30 крон яклухт карда мешавад.

Дар Тоҷикистон 25 сол пеш пули миллии сомонӣ ва ҳамроҳ бо он сиккаҳои 1, 2, 5, 20 ва 50-дирамӣ чун нишондоди хурдтарини пули нақд ба гардиш дароварда шуданд. Барои истеҳсоли дирамҳои тоҷикӣ аз пӯлоду мису латун истифода мекунанд, мегӯяд Бонки миллӣ. Соли 2011 намунаҳои тангаҳои филизии Тоҷикистон нав шуданд.

Ҳамарӯза барои истифодаи нақлиёти мусофирбари мисли автобусу троллейбус ва микроавтобусҳо сокинони Тоҷикистон аз ҳамин тангаҳои хурд истифода мекунанд.