"Ба таҳлука афтодаанд." Дар Тоҷикистон бо HIV чӣ гуна мубориза хоҳанд кард?

1874187073 UNAIDS

“Дар Тоҷикистон хатари аз даст додани пешрафтҳо барои коҳиши маргумир аз вируси норасоии масунияти бадан ё HIV вуҷуд дорад.” Мутахассисони UNAIDS ё Барномаи Созмони Милал дар мавриди мубориза бо ВИЧ/СПИД дар ин бора изҳорот додаанд. Гузориши онҳо рӯзи 30-юми ноябр нашр шуд.

Таваҷҷуҳ ба ин масъала имсол бо сабаби коҳиши маблағгузории барномаҳои мубориза бо ВИЧ/СПИД, ки як бахше аз корҳои Оҷонси рушди байнулмилалии ИМА ё USAID мебошад, боло гирифт.

Гузориши UNAIDS мегӯяд, қатъи маблағгузорӣ бештар ба кори созмонҳои иҷтимоие ба мисли Шабакаи занони гирифтори ВИЧ/СПИД ва ё “Спин Плюс” дар Тоҷикистон таъсир расондааст. “Ҳоло ин талошҳо таҳти хатар ҳастанд,” -- менависад UNAIDS.

Таҳмина Ҳайдарова, раиси Шабакаи занони гирифтори ВИЧ/СПИД дар Тоҷикистон гуфтааст, “мардум дар таҳлука афтодаанд. Агар хадамоти мо баста шавад, занони гирифтори HIV, оилаҳое бо кӯдакони гирифтори ин вирус... дигар ҷое барои муроҷиат кардан намеёбанд.”

Таҳмина Ҳайдарова ва Пӯлод Ҷамолов аз гирифториашон ба бемории ВИЧ/СПИД ошкоро суҳбат карда, барои ёрӣ ба ҳамқисматони худ созмонҳои иҷтимоӣ таъсис додаанд. Онҳо мегӯянд, талошҳои бисёрсола барои аз байн бурдани стигма ва ёрӣ ба гирифторони вирус метавонанд аз даст раванд.

Ҳайдарова мегӯяд, 97 дарсади занони олуда ба HIV дар Тоҷикистон ҳатто аз хешовандони наздиктарин бемории худро пинҳон медоранд. 64%-и онҳо гуфтаанд, ки бо сабаби доштани ин вирус “бо табъйизи ходимони тиб дучор шудаанд”.

Масалан, Шабакаи занони гирифтори ВИЧ/СПИД ба зане ёрӣ додааст, ки бо сабаби гирифториаш ба HIV дандонпизишке аз муолиҷаи дандони дардманди ӯ парҳез кардааст. Муроҷиати ин зан ва созмон ба додгоҳе дар Тоҷикистон барои тантанаи адолат мусоидат намуд.

Пӯлод Ҷамолов мегӯяд, дар натиҷа “ин нафарон танҳо ба созмону гурӯҳҳои мисли мо эътимод мекунанд. Мо бо кори худ ба мушкилтарин нуқтаҳое ба мисли зиндону деҳоти дурдаст дастрасӣ дорем. Бе иштироки мо ин мардум дар канор гузошта мешаванд”, -- мегӯяд Ҷамолов.

UNAIDS навиштааст, дар Тоҷикистон ҳарчанд мавридҳои маргумир аз HIV аз соли 2020 ду баробар кам шудааст, 60% маблағгузории барномаҳои ёрӣ дар ин кишвар ҳамоно аз донорҳои байнулмилалӣ вобаста мебошад. 20%-и ин маблағҳо то январи имсол тавассути барномаи PEPFAR таъмин мешуд, ки онро дар навбати худ USAID дастгирӣ мекард.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ки ҳатто коҳиши 10-20-дарсадии маблағгзуории барномаҳои мубориза бо СПИД боис ба афзоиши 135-дарсадии олудашавӣ ва 5% афзоиши мавридҳои марг бар асари ин беморӣ мегардад.

Соли ҷорӣ бори аввал ҳукумати Тоҷикистон маблағгузории 10%-и доруҳои зидди ретровирусиро ба ӯҳда гирифт, вале UNAIDS мегӯяд, “бидуни ёрии сармоягузорон, ҳукуматҳо ва шарикони байнулмилалӣ дастовардҳо метавонанд аз байн раванд.”

Хабаргузории “Азия-Плюс” бо такя ба Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо СПИД навишт, дар Тоҷикистон то поёни сентябри соли ҷорӣ беш аз 13 ҳазор шахси олуда ба HIV сабт шудааст, ки беш аз 7 ҳазор нафари онҳо мард мебошанд.