Дастаи мунтахаби наврасони Португалия (U-17) бори аввал қаҳрамони ҷаҳон шуд

Бозигарони дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва Чехия

Дастаи мунтахаби Португалия, ки дар финали мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳон миёни наврасони то 17-сола дар Қатар тими Австрияро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард, бори аввал қаҳрамони ҷаҳон гардид.

Бозии ниҳоӣ миёни футболбозони навраси Португалия ва Австрия шаби панҷшанбеи 27-уми ноябр дар варзишгоҳи байналмилалии Халифаи пойтахти Қатар - шаҳри Давҳа – баргузор шуд. Голи ягонаро, ки пирӯзӣ овард, ҳамлагари португалиҳо Анисио Кабрал дар дақиқаи 32-юм ба самар расонд.

Барои ҷойи сеюм 27-уми ноябр дар Давҳа, дар варзишгоҳи Aspire Zone - Pitch 7, дастаҳои мунтахаби наврасони Бразилия ва Италия рақобат карданд. Замони асосии бозӣ бо ҳисоби 0:0 хотима ёфт. Дар задани силсилаи пеналти кори итолиёиҳо омад кард ва бо ҳисоби 4:2 ғолиб шуданд. Бразилиҳо аз дақиқаи 14-уми бозӣ як нафар кам буданд. Барои корти дуюми зард ҳимоятгари марказӣ Витао аз майдон хориҷ шуд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Марко Раҷини, мутахассиси итолиёӣ, аз ҳаққи ширкат дар даври 1/16-ниҳоии мусобиқот маҳрум гашт.

Пас аз натиҷагирии бозиҳои даври сеюм дар ҷадвали гурӯҳи “I” мунтахаби ИМА (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) бо 9 имтиёз мақоми аввалро соҳиб шуд. Тими Буркина-Фасо бо 6 имтиёз ҷойи дуюмро гирифт. Ин ду дастаи мунтахаб мустақиман ба плей-офф баромад.

Чехия бо 3 имтиёз ҷойи сеюмро касб карда, дар қатори ҳашт дастаи натиҷаҳояш хуби ҷойҳои сеюм ба марҳилаи баъдӣ роҳ пайдо кард. Аммо тими мунтахаби Тоҷикистон бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум - ҷойгир шуда, аз ҳаққи ширкат дар даври плей-офф маҳрум гардид.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бори сеюм дар таърихи худ дар қисми ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон (U-17) иштирок кард. Қаблан футболбозони навраси тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон (U-17) дар Кореяи Ҷанубӣ (соли 2007) ва Бразилия (соли 2019) ширкат варзида буданд.

Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2025 (U-17) бар асоси қуръакашӣ 48 даста ба 12 гурӯҳ тақсим шуда буд. Аз ҳар як гурӯҳ ду дастаи пешсаф мустақиман ба даври баъдӣ роҳ ёфт, инчунин ҳашт дастаи ҷойҳои сеюм бо натиҷаҳои беҳтар аз гурӯҳ боло рафт.

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2025 миёни наврасон

(U-17)

Бозӣ барои ҷойи сеюм:

Бразилия (U-17)- Италия (U-17) – 0:0 (аз рӯйи силсилаи пеналти – 2:4).

Аз майдон хориҷ шуд: Витао, 14 (Бразилия) – барои корти дуюми зард.

27-уми ноябр. Давҳа. Aspire Zone - Pitch 7

Финал:

Португалия (U-17) – Австрия (U-17) – 1:0

Гол: Анисио Кабрал, 32 (1:0).

27-уми ноябр. Давҳа. Варзишгоҳи байналмилалии Халифа