Додгоҳи Маскав ҳукми Шарофиддин Гадоевро бетағйир гузошт

Шарофиддин Гадоев

Додгоҳи шаҳри Маскав ҳукми Додгоҳи ноҳияи Басманнийро дар бораи ба 8,5 сол зиндон маҳкум кардани Шарофиддин Гадоев, раҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушд ва яке аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистон, дуруст ҳисобидааст.

Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, қароргоҳаш дар Амстердам, рӯзи 27-уми ноябр хабар дод, ки Додгоҳи Маскав шикояти онҳоро напазируфт ва "ҳукми ғайриқонунӣ ва дорои ангезаи сиёсӣ"-ро бетағйир гузошт. Созмон гуфтааст, "низоми додгоҳии Русия мустақил нест".

Шарофиддин Гадоев рӯзи 27-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, мурофиа дар Додгоҳи шаҳри Маскав "рӯзи 26-уми ноябр ҳамагӣ як соат идома кард. Додгоҳ далел ва маводи пешниҳодии моро ба назар нагирифт".

Вай афзуд, аз рӯйи ҳукми Додгоҳи Маскав ба зинаҳои болоӣ дар Русия ва Додгоҳи байнулмилалӣ шикоят хоҳад кард.

Додгоҳи ноҳияи Басманний дар охири моҳи июли имсол Шарофиддин Гадоевро ба он гунаҳкор кард, ки дар шабакаи ютубии "Ислоҳ" дар бораи артиши Русия ва ҷанги ин кишвар алайҳи Украина “хабарҳои дурӯғ паҳн кардааст”.

Дар ин суҳбат, ки соли 2022 пахш шуд, Гадоев нақл мекунад, ки чӣ гуна низомиёни Русия шаҳрвандони одиро дар Украина мекушанд. Худаш бовар дорад, парвандаи ҷиноӣ ва ҳукм дар Русия ба фаъолияти сиёсияш, бахусус тарафдорӣ аз Украина, рабт дорад.

Ба ҷуз аз Шарофиддин Гадоев, мақомоти Русия Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири пойгоҳи "Ислоҳ"-ро низ бо иттиҳоми нашри ахбор дар бораи артиши Русия ғоибона ба зиндон маҳкум кардаанд. Ӯ қаблан ҳадафи қарорро "тарсондани муҳоҷирон" донист, ки "бо мухолифон тамос нагиранд".