“Хатар ҷиддӣ аст.” Дуои дастҷамъӣ бо талаби борон дар Душанбе ва Тошканд

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, хатари хушксолиро "бисёр ҷиддӣ" донист

Хушксолии дароз дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон то ба ҳадде аҳволи мардум ва кишоварзонро бад кардааст, ки дигар дар намозҳои рӯзи ҷумъа аз Худо на бахшидани гуноҳ, балки борон талаб мекунанд.

Рӯзи 28-уми ноябр ҳангоми намози ҷумъа дар масҷиди марказии Душанбе ва як масҷиди Тошканд ҳама дасти дуо бардоштанд, ки балои хушксоливу камборониро аз сари онҳо дур кунад.

Хушксолӣ, ки онро пайомади тағйири иқлим медонанд, душвориҳои зиёдеро ба сари мардум овардааст. Рӯдхонаҳо камоб ё хушк шудаанд. Кишти тирамоҳии мардум ҳам беоб мондаву насабзидааст.

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, рӯзи 28-уми ноябр гуфт: “Бародарон, муддатест, ки камборонӣ ё беборонӣ ҳаст, ҳоло ин хатар кишвари мо ва бисёре аз кишварҳоро таҳдид карда истодааст. Хатар хеле ҷиддӣ аст. Барои ҳамин, мо пеш аз намози рӯзи ҷумъа тасмим гирифтем, ки як дуое барои борон мекунем.”

Масҷиди марказии Душанбе, 28-уми ноябри 2025

На танҳо дар масҷидҳои Тоҷикистон, балки дар шаҳри Тошканд ҳам бо талаби борон даст ба сӯи осмон бардоштанд. Ба гуфтаи Идораи ҳавошиносии Узбекистон, шаҳри Тошканд дар 170 соли охир шоҳиди чунин хушксолӣ нашуда будааст. Ҳоло аз офаридгор хостаанд, ин балоро аз сарашон дур кунад.

Абдурашид Расулов, бознишастаи 63-сола, гуфт: “Мо ҳеч гоҳ чунин намоз нахонда будем, ин ғайримуқаррарӣ буд. Аллоҳ мову ин кишвари зеборо офарида ҳама чизро додааст. Офтоб медурахшиду борон меборид, аммо ҳоло, ки борон нест, одамони боло ва рӯҳониён ба мо дастур доданд, ки ҳангоми намоз аз Аллоҳ борон талаб кунем. Ман аз ин хушҳолам. Мо умедворем ва иншоаллоҳ, ки дуои мо мустаҷоб мешавад.”

Видеои дуои дастҷамъӣ бо талаби борон аз Худо дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси зиёдеро барангехтааст. Яке бо такя ба иттилои ҳавошиносон ва бо киноя гуфтааст, ки зоҳиран дуои намозгузорон рӯзи 3-юми декабр мустаҷоб мешавад, чун мумкин аст, борон борад.

Фарид Сафармамад, пажӯҳишгари тоҷики муқими Амрико, аз ҷумлаи онҳоест, ки ба ин баҳс пайвастааст. Ӯ навишт, “дар саросари ҷаҳон, кишварҳое, ки мушкили хушксолӣ ва камобӣ доранд, дар илм сармоягузорӣ мекунанд, фазоеро барои баҳсу пажӯҳиш эҷод мекунанд ва насли навро ташвиқ ба илм мекунанд. Онҳо дар баробари тағйири обуҳаво мунтазири борон наменишинанд, балки онро тавлид мекунанд. Барои намуна, Имороти Муттаҳидаи Араб, ки бо истифода аз фанноварии борварсозии абрҳо (Сloud seeding) бориш эҷод мекунад."

Аммо яке аз корбарони дигар, худи инсонҳоро сабабгори гармоиши курраи Замин хонда, дуои хешро дар Фейсбук навиштааст, ки як порчааш чунин аст: "Парвардигоро, мо бандагонат Заминро ҳар гунае, ки тавонистем истифода бурдем, хароб кардем. Ҳидоят кун, то бандагонат роҳи ҳалли ин мушкилро бо ақлу илм ёбанд. То боғҳо биёбону чашмаҳо хушк нашаванд! То зимистон барф бораду баҳору тирамоҳ борони раҳмат ва тобистон гарму роҳатбахш бимонад. Вагарна бандагони худхоҳро сафедаи ҷисмашон аз гармии баланд мепазад. Он гуна ки тухм дар тобаи тафсон. Парвардигоро, ҳаргиз чунон рӯзро насиби бандагонат накун!"

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дуо барои борон дар масҷидҳои Душанбе ва Тошканд

Тоҷикистон, ки 60 дар сади оби кишварҳои Осиёи Марказӣ ва хонаи 80 миллион нафар аз он сарчашма мегирад, сол ба сол гарму хушку тафсон мешавад. Ҳазорон пиряхи кишвар бухору нопадид шудааст ва мақомот имсол ҳам як сабаби аслии камбуди нерӯи барқро кам шудани маҷрои об ба обанбори нерӯгоҳи “Норак” хондаанд.

Аломати дигари тағйири иқлим, ки имсол дар Тоҷикистон ҳувайдо шуд, рӯзи 25-уми октябр як пораи азими якунимкилометрии пиряхи Деҳдал дар қаторкӯҳҳои Исмоили Сомонӣ поён лағзид. Идораи ҳавошиносӣ гуфт, сабаби аслии канда шудани пирях "ҳарорати ҳаво ва дер боз наборидани барфу борон” будааст.