"Агар анор бошад, зиндагии мо ҳам беҳтар мешавад"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар ноҳияи Дӯстӣ, маҳалли иқомати ҳазорон туркмантабор дар вилояти Хатлон имсол толеъи сокинон баландӣ кардааст. Пас аз сармое, ки ду се сол пеш аҳволи анорзорҳои ноҳияро бад кард, имсол дарахтон дигарбора ҷон гирифтаанду ҳосил додаанд.