Дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон дар даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуи AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2025/26 аз тими “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби бузурги 0:4 шикаст хӯрд.
Ин бозии гурӯҳи “D” шаби 26-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо ҳузури беш аз 15 ҳазор тамошобин баргузор шуд. Футболбозони “Ал-Наср” дар ҳарду қисми бозӣ дуголӣ заданд.
Жоао Феликс дар дақиқаи 12-ум аз пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ ҳисобро боз кард. Голи дуюмро Муҳаммад Симакан дар дақиқаи 40-ум ба самар расонд. Садио Мане дар дақиқаи 84-ум голи сеюмро ба дарвозаи “Истиқлол” ворид намуд. Голи чаҳоруми меҳмонон ба Айман Яҳё марбут аст, ки дар замони ҷуброншуда (90+2) зада шуд.
Дар ҳайати тими “Ал-Наср” дар бозӣ муқобили “Истиқлол” бархе аз ситораҳои футболи ҷаҳонӣ, ба мисли Феликс, Брозович, Мане ҳунарнамоӣ карданд. Аммо капитан ё сарвони даста Криштиану Роналду ба Тоҷикистон наомад. Зеро ин бозӣ барои бошгоҳи Саудӣ чандон аҳамият надошт. «Ал-Наср» аллакай ба плей-оффи мусобиқот роҳ ёфтааст.
Қаблан “Истиқлол” дар даври аввал дар меҳмонӣ 17-уми сентябр аз тими “Ал-Наср” бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрда буд. Дар он бозӣ ҳам Роналду иштирок надошт. Дарвоқеъ, Роналду дар бозиҳои имсолаи Лигаи қаҳрамонҳои дуи Осиё ширкат накардааст.
Ҳамин тариқ, “Ал-Наср” зери раҳбарии сармураббӣ Жоржи Жезуш, мутахассиси португолӣ, ғалабаи панҷумашро дар гурӯҳи “D” ба даст овард. Ин бохти сеюми “Истиқлол” дар ин гурӯҳ таҳти роҳбарии сармураббӣ Игор Черевченко ба шумор меравад.
Дар бозии дигари даври 5-уми мусобиқот дар гурӯҳи “D” дастаи “Ал-Завра”-и Ироқ дар майдони худ тими “Гоа”-и Ҳиндустонро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард. Иброҳим Гбадамоси, бозигари “Ал-Завра”, дар дақиқаи 36-ум аз пеналти гол зада натавонист. Пас аз ду дақиқа Кадҳим Раад, бозигари мизбонон, ҳисобро кушод. Аммо бозигари ироқиҳо Дҳургҳам Исмоил дар дақиқаи 51-ум тӯбро ба дарвозаи худ зад. Ҳисоб баробар шуд - 1:1.
Голи дуюми мизбононро Ҳасан Абдулкарим дар дақиқаи 65-ум ба самар расонд. Бояд зикр намуд, дар дақиқаи 34-ум шумораи меҳмонон як нафар кам шуд. Ауш Чҳетри, ки корти сурх гирифт, аз майдон хориҷ гардид.
“Ал-Наср”, ки бо 15 имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи “D” дар ҷойи аввал аст, ба марҳилаи ҳаштякниҳоӣ роҳхат гирифтааст. Барои роҳхати дуюм «Ал-Завра» ва «Истиқлол» мубориза мебаранд. Бағдодиҳо бо 9 имтиёз дар ҷойи дуюм ва душанбегиҳо бо 6 имтиёз дар ҷойи сеюм қарор доранд. “Гоа” бидуни имтиёз дар зинаи охирин мебошад.
Тақдири роҳхати дуюм аз рӯи натиҷаҳои бозиҳои даври охирини мусобиқот дар гурӯҳи “D”, ки рӯзи чоршанбеи 24-уми декабр баргузор мешаванд, ҳал хоҳад шуд.
Дар даври шашум “Ал-Наср” дар майдони худ бо “Ал-Завра” ва “Истиқлол” дар меҳмонӣ бо “Гоа” вориди рақобат мешаванд. Ҳарду бозӣ дар як замон – соати 21:00 бо вақти Душанбе – шуруъ мегардад.
Мусобиқот дар Лигаи қаҳрамонҳои дуи AFC бо ширкати 32 даста сурат гирифтааст. Дастаҳо ба ду минтақа – Шарқ ва Ғарб - тақсим шудаанд. Ҳар як минтақа аз 16 даста иборат мебошад.
“Истиқлол” ба минтақаи Ғарб дохил аст. Дастаи ғолиби минтақаҳо ҳуқуқ пайдо мекунад, ки соли оянда дар Лигаи элита ё бартари бошгоҳҳои футболи Осиё иштирок намояд.
Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуи AFC-2025/26
Минтақаи Ғарб
Даври 5-ум
“Истиқлол” (Тоҷикистон) – “Ал-Наср” (Арабистони Саудӣ) – 0:4
Голҳо: Жоао Феликс, 12 – аз пеналти (0:1), Муҳаммад Симакан, 40 (0:2), Садио Мане, 84 (0:3), Айман Яҳё, 90+2 (0:4).
«Истиқлол»: Никола Стошич, Табрез Исломов, Содиқҷон Қурбонов, Ҷозеф Окоро, Марлен Чобанов (Ризо Деҳқонӣ, 46), Манучеҳр Сафаров, Амирбек Ҷурабоев, Эҳсон Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов, Сиёвуш Ҳақназарӣ (Пол Камолафе, 46), Рустам Соиров (Масрур Ғафуров, 82).
Корти зард: Ҷозеф Окоро («Истиқлол»), Султон Ал-Ганнам («Ал-Наср»).
Сардовар: Александр Кинг (Австралия).
26-уми ноябр. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ,15150 тамошобин.
“Ал-Завра” (Ироқ) – “Гоа” (Ҳиндустон) – 2:1
Голҳо: Кадҳим Раад, 38 (1:0), Дҳургҳам Исмоил, 51 – ба дарвозаи худ (1:1), Ҳасан Абдулкарим, 65 (2:1)
Аз пеналти гол зада натавонист: Иброҳим Гбадамоси, 36 (“Ал-Завра”),
Корти сурх: Ауш Чҳетри, 34 (“Гоа”)
Бағдод. Варзишгоҳи “Ал-Завра”
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “D”:
| Ҷ | Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т | И |
| 1 | “Ал-Наср” | 5 | 5 | 0 | 0 | 17-1 | 15 |
| 2 | “Ал-Завра” | 5 | 3 | 0 | 2 | 7-6 | 9 |
| 3 | “Истиқлол” | 5 | 2 | 0 | 3 | 5-12 | 6 |
| 4 | “Гоа” | 5 | 0 | 0 | 5 | 2-12 | 0 |
Даври 6-ум
24-уми декабр (чоршанбе)
21:00 (бо вақти Душанбе) - “Ал-Наср” (Арабистони Саудӣ) – “Ал-Завра” (Ироқ)
Риёз. Варзишгоҳи Донишгоҳи Шоҳ Сауд
21:00 (бо вақти Душанбе) - “Гоа” (Ҳиндустон) – “Истиқлол” (Тоҷикистон)
Гоа. Варзишгоҳи Ҷавоҳирлол Неҳрӯ