Дар як изҳороти эҳтиёткорона Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, ки тағйири марзҳо бо истифода аз нерӯи низомиро қабл надоранд.
Зоҳиран, ин ишора ба банди тарҳест, ки ба ихтиёри Русия гузоштани минтақаи Донбасро пешниҳод мекунад.
Рӯзи 20-уми ноябр ҷузъиёти тарҳи ИМА барои хатми ҷанг дар Украина расонаӣ шуд, ки вокунишҳои мухталиферо дар саросари ҷаҳон ба бор вард. Дар ин тарҳ зикр шудааст, ки Украина минтақаи Донбасро пурра бояд ба Русия диҳад. Нисфи ин минтақаро феълан Русия ишғол кардааст, вале муаллифони тарҳ гуфтаанд, ки агар ҷанг ба чунин шева идома кунад, онро Русия пурра ишғол хоҳад кард. Дар ин тарҳ инчунин гуфта шудааст, ки Украина ба НАТО нахоҳад пайваст, вале ҳақ дорад, ба Иттиҳоди Аврупо бипайвандад. Амрико ваъда кардааст, ки Қрими ишғолиро ҳамчун қаламрави Русия ба расмият мешиносад ва ба Украина ваъдаи ҳимоят дар сурати ҳамлаи эҳтимолӣ дар ояндаро хоҳад дод.
Дар изҳороти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо гуфта шудааст, ки дар тарҳи иборат аз 28 банд ҷузъиёти расидан ба як сулҳи давомдор вуҷуд дорад, вале ин тарҳ ҳанӯз комил ба назар намерасад. Дар ин изҳорот гуфта шудааст, ки Иттиҳоди Аврупо аз тағйири марзҳо бо истифода аз зӯрро пуштибонӣ намекунад.
Иттиҳоди Аврупо таъкид кардааст, ки ба кумакаш ба Украина идома хоҳад дод.
Нашрияи олмонии Bild навиштааст, ки раҳбарони кишварҳои аврупоӣ мехоҳанд, ки ҳадди ақал чор банди тарҳи пешниҳодии Доналд Трампро тағйир диҳанд.
Ба навиштаи ин нашрия, ба раҳбарони ИА эътирофи Қрим ҳамчун хоки Русия ва супурдани Донбас ба ин кишвар, коҳиши теъдоди сарбозони артиши Украина ва шеваи додани тазмини амниятӣ ба Украина қобили қабул нест.
Доналд Трамп, президенти ИМА дар охириин суҳбати худ гуфтааст, ки имкон дорад, ин тарҳ такмил шавад.
Гуфта мешавад, ки ин тарҳ ба Русия, Украина ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо барои баррасӣ пешниҳод шудааст.