Рӯзи 23-юми ноябр ҷасади ду зодаи Тоҷикистонро, ки зоҳиран дар ҷанги Украина кушта шудаанд, ба ватан оварданд.
Тобути Сабзалӣ Раҳмонов аз ноҳияи Восеъ ва Шарофиддин Саидов аз ноҳияи Варзобро аз шаҳри Ростови лаби Дон ба Тоҷикистон интиқол дода, ба наздиконашон супурданд.
Наворҳо аз лаҳзаи фиристодани ҷасадҳо ва ҳамчунин дафни онҳо дар зодгоҳашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад. Дар видеоҳо иддао мешавад, ки ҳарду нафар дар ҷанги Украина кушта шудаанд. Рӯзи марги онҳо маълум нест.
Ҳангоми боз кардани тобути Сабзалӣ Раҳмонов аз ноҳияи Восеъ дар болои ҷасади ӯ либоси сабзи шабеҳи либоси низомиён дида мешавад. Кай ва чӣ гунаву аз куҷо ба ҷанги Украина рафтани ҳалокшудагон ҳоло маълум нест.
Хешовандони аксари онҳое, ки хабари маргашон дар ҷанги Русия дар Украина мерасад, мегӯянд, фарзандонашонро бо фиребу зӯр ба ҷанг бурдаанд.
Мақомоти Тоҷикистон то ин дам танҳо сад мавриди аз зиндонҳои Русия ба ҷанг бурда шудани шаҳрвандони Тоҷикистонро тасдиқ кардаанд.
Тарҳи давлатии Украина бо номи “Зистан мехоҳам” дар чанд моҳи охир номи наздик ба се ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро ҳамчун "зархарид" нашр кардааст, ки бархе аз онҳо дар ҷанги Украина кушта ё нопадид шудаанд.
Қонунҳои Тоҷикистон барои иштирок дар ҷангҳои хориҷӣ ҷазои сахтеро пешбинӣ мекунад, вале дар муддати тақрибан чаҳор соли ҷанг ҳеч додгоҳи кишвар ягон ширкатдори ҷанги Украинаро муҳокима накардааст.