КДАМ гуфт, бо бесарнишин ба кочоқбарон дар марз бо Афғонистон ҳамла кардааст

КДАМ бо нашри наворе хабар дод, ки бори аввал дар ҳамла ба кочоқбарон аз бесарнишин истифода кардааст.

Кумитаи давлати амнияти миллии Тоҷикистон хабар додааст, ки бори аввал як гурӯҳи қочоқбар аз Афғонистонро бо истифдоа аз дрон ё “бесарнишинҳои сохти ватанӣ” дар марз нобуд кардааст.

Дар гузорише, ки 22-юми ноябр дар телевизиони давлатии Тоҷикистон нашр шуд, гуфта мешавад, ки ҳафт нафар кочоқбар пас аз убури марзи Афғонистон бо Тоҷикистон мавриди ҳамла қарор гирифтанд.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки ҳодиса шаби 20-уми ноябр дар марзи ноҳияи Ҳамадонӣ бо Афғонистон рух додааст ва субҳи он рӯз, ҷасади ду тан аз қочоқбарон, Шероғо валади Аввалмир ва Ҷумъагул валади Ҳаким, зодагони улусволии Дарқади вилояти Тахори Афғонистон онҷо пайдо шудаанд.

Ба гуфтаи мақомоти КДАМ, дар ин маҳал “116 бастаи маводи мухаддир дар панҷ халта дарёфт ва мусодира шудааст.”

Мақомоти КДАМ дар ин гузориш нагуфтаанд, ки панҷ нафари дигар аз қочоқбарон куҷо шудаанд.

Маълум нест, ки "бесарнишинҳои сохти ватанӣ" кай ва аз ҷониби кадом ширкат дар Тоҷикистон сохта шудаанд.

Тоҷикистон бо Афғонистон беш ҳазор километр хатти марз дорад. Мақомот ҳамеша аз боздошт ё занозанӣ бо кочоқбарон дар ин хатти марз хабар медиҳанд.

Мухолифони ҳукумат иддао мекунанд, ки дар интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон бархе мансабдорони тоҷик даст доранд, аз ин рӯ, интиқолу фурӯши он дар дохили кишвар коҳиш намеёбад.

Мақомот ин иддаоро рад карда, мегӯянд, бо “гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир муборизаи беамон мебаранд.”