Пайвандони Рамзӣ Калонов аз мақомоти Тоҷикистон талаб доранд, ки марги ногаҳонии ӯро дар артиш таҳқиқ карда, гунаҳкоронро ҷазо диҳанд. Ин сокини 19-солаи шаҳри Душанбе моҳи апрели имсол ба хидмат рафт. Ҷасадашро охири моҳи ноябр ба наздиконаш доданд. Мақомот сабаби марги ӯро бемории дил (қалб) гуфтаанд, аммо пайвандонаш ба дурустии ин хулоса шубҳа доранд.
"Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ дорад"
Рамзӣ Калонов ҳашт моҳи охир дар яке аз қисмҳои ҳарбии Нерӯҳои марзбонӣ дар шаҳри Истаравшан хидмат мекард. Рубина Амрихудоева, модари сарбози фавтида, мегӯяд, субҳи 29-уми ноябр ҷасади писарашро аз маҳалли хидмат ба хона оварда гуфтаанд, "дилаш аз кор монд".
“Вақте ҷасадро оварданд, кафанро кушодам. Ними сараш набуд. Аз зери манаҳ то нофи писарам чок карда буданд”, - гуфт модари сарбози фавтида рӯзи 2-юми декабр ба Радиои Озодӣ.
Рубина Амрихудоева, модари Рамзӣ Калонов
Мақомот дар бораи сабабҳои марги Рамзӣ Калонов дар артиш расман суҳбат намекунанд. Як фармондеҳи қисми низомие, ки ҷавон дар он ҷо хидмат мекард, 2-юми декабр бе зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, додситонии ҳарбии вилояти Суғд марги Рамзӣ Калоновро таҳқиқ дорад. Ин фармондеҳ аз ин бештар суҳбат накард.
Наздикони Рамзӣ Калонов мегӯянд, мақомот дар бораи таҳқиқи марги сарбоз ба онҳо чизе нагуфта ва ягон санад ҳам пешниҳод накардаанд. Ширинмоҳ Давлатова, бибӣ ё модарбузурги Рамзӣ Калонов ба Радиои Озодӣ гуфт, “ягон фармондеҳ намегӯяд, ки чӣ ҳодиса шудааст”.
"Гап мезад, вале сирри дилашро намегуфт"
Рамзӣ Калонов пас аз ду соли кор аз Русия ба Тоҷикиистон ихроҷ шуда, моҳи апрели соли 2025 ба артиш фиристода шуд. Пайвандонаш гуфтанд, дар аввал ба онҳо ваъда доданд, ки Рамзиро ба яке аз қисмҳои наздик ба ҷойи зист мебаранд, вале ба қисми ҳарбие дар шаҳри Истаравшан фиристоданд. Онҳо давоми ҳашт моҳ танҳо телефонӣ суҳбат мекардаанд.
Рубина Амрихудоева, модари сарбози фавтида, мегӯяд, писараш дар суҳбатҳои телефонӣ аз ҳоли онҳо мепурсид ва “ҳеч вақт сирри дилашро намегуфт, то зиқ нашавем”.
Наздикони Рамзӣ Калонов аз раисҷумҳури Тоҷикистон ва мансабдорони дигар мехоҳанд, ки ба ин қазия дахолат кунанд, то “марги писарашон таҳқиқ ва гунаҳкорон ҷазо гиранд”.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Марги писарамро таҳқиқ кунед!"
Марги сарбозон дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, аз ҷумла дар бахши марзбонӣ ҳодисаи нав нест. Дар гузашта ҳам дар натиҷаи тасодуфу муноқиша ба ҳалокат расидани чанд сарбоз сабт шуда буд.
Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар як гузориш гуфт, ки танҳо дар соли 2023 марги 40 сарбоз сабт шуд. Аз ин шумора, ба эътирофи Омбудсмен, 8 маврид худкушӣ буда, "6 кас аз беморӣ фавтиданд".
Мақомот пайваста мегӯянд, ки вазъ дар артиши Тоҷикистон беҳтар шуда, сафи ихтиёриёни хидмати аскарӣ афзудааст, вале ҳанӯз ҳам волидони бархе сарбозон аз шароити ногувор ва озору азияти наваскарон шикоят мекунанд.