Нишасти раҳбарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ, ки Тоҷикистон ҳам узви он аст, дар Бишкек ба поён расид.
Онҳо дар эъломияе рӯзи 27-уми ноябр гуфтанд, ки аз афзоиши низоъҳо нигарон ҳастанд ва муборизаро бо қочоқи маводи мухаддир, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва терроризму ифротгароӣ идома хоҳанд дод.
Дар ин нишаст раёсати даврии созмон аз Қирғизистон ба Русия гузашт.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, пешниҳод кардааст, ки нерӯҳои созмонро бо силоҳҳои, ба гуфтаи ӯ, муосири русӣ таъмин кунанд. Силоҳҳое, ки ба иддаои Путин "коромадиашон дар амалиёти воқеии низомӣ собит шудаанд". Эҳтимол ишораи ӯ ба ҷанги Русия дар Украина аст, ки Маскав тақрибан чор сол пеш оғоз кард ва онро расман "амалиёти махсуси низомӣ" меномад.
"Дар ҳамин замина, барои омода кардани қисмҳои ҳарбӣ ва воҳидҳои хадамоти махсус, ният дорем, ки баъзе аз чорабиниҳо, аз ҷумла марҳилаҳои навбатии тамрини "Ҳамкорӣ", "Эшелон" ва "Ҷустуҷӯ"-ро ташкил кунем," - -афзуд ӯ.
Дар ҳамин ҳол, раисҷумҳури Тоҷикистон вазъро дар ҷаҳон “мураккаб" хонда, таваҷҷуҳи Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъиро ба масоили амниятӣ, бахусус дар сарҳадҳо дуруст шумурдааст. Тоҷикистон, ки бо Афғонистон марзи тӯлонӣ ва осонгузар дорад, аз ҳузури ҷангҷӯён дар он сӯи Ому ва эҳтимоли убури қочоқиёни маводи мухаддир нигарон аст.
Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфта, ҳоло Арманистону Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистонро дар бар мегирад.
Ин созмонро баъзан ба нотавонӣ барои пешгирӣ аз муноқиша байни аъзои худ ва ҳимояти манофеи онҳо танқид мекунанд. Арманистон пештар эълон карда буд, ки эҳтимол аз узвияти созмон берун шавад, чун дар ҷанги Озарбойҷону Арманистон бар сари Қаробоғи Кӯҳӣ “вазифаҳои худро иҷро накард.” Дар нишасти Бишкек ҳам сарвазири Арманистон набуд.
Нахустин ва то ҳол ягона мавриди истифода аз нерӯҳои сулҳхоҳи СПАД моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон анҷом шуд; замоне ки Қосимҷомарт Тоқаев дар пайи эътирозҳои зиддиҳукуматӣ ва бетартибиҳо аз СПАД кумак хоста буд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Путин ба аъзои СПАД силоҳи замонавӣ ваъда додааст