Рақибони паҳлавонони тоҷик дар Abu Dhabi Grand Slam 2025 муайян шуданд

Акс аз бойгонӣ

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти силсилаи ҷаҳонии “Тоскулоҳи бузург” (Abu Dhabi Grand Slam 2025), ки аз 28-ум то 30-юми ноябр дар шаҳри Абузабии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор мешавад, иштирок мекунанд.

Дар ин мусобиқот, ки бори даҳум бо мақоми "Grand Slam" ё "Тоскулоҳи бузург" доир мегардад, иштироки 373 варзишгар (221 мард ва 152 зан) аз 52 кишвар дар назар аст.

Мусобиқот дар "Mubadala Arena", ки борҳо макони мусобиқаҳои пурнуфузи ҷаҳонӣ гаштааст, баргузор мешавад. Рақобатҳои инфиродӣ дар 7 вазн байни мардон ва дар 7 вазн миёни занон сурат мегирад.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 8 гуштигир дохиланд, ки аз рӯйи 4 вазн миёни мардон рақобат хоҳанд кард: Муҳиддин Асадуллоев, Абубакр Шеров (ҳарду дар вазни то 73 кило), Суннатулло Мӯсоев, Беҳрӯзи Хоҷазода (ҳарду дар вазни то 81 кило), Абдулаҳад Маҷидов, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (ҳарду дар вазни то 90 кило), Сомонӣ Кишваров, Ҷаҳонгир Маҷидов (ҳарду дар вазни то 100 кило).

Бар асоси қуръакашӣ, ки 27-уми ноябр дар Абузабӣ доир гардид, 7 паҳлавони тоҷик ба рақобатҳо аз даври дуюм ва танҳо як нафар – Сомонӣ Кишваров аз даври аввал мепардозанд.

Натоиҷи қуръакашӣ бо иштироки паҳлавонони тоҷик:

Вазни то 73 кило: Муҳиддин Асадуллоев – Гаоҳуи Лин (Чин);

Абубакр Шеров – Валттери Олин (Финляндия).

Вазни то 81 кило: Беҳрӯзи Хоҷазода – Одиссиес Георгакис (Кипр); Суннатулло Мусоев – Бенедек Тот (Маҷористон).

Вазни то 90 кило: Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода – ғолиби ҷуфти Алекс Барто (Словакия)/Томас Счарфеттер (Австрия).

Вазни то 100 кило: Сомонӣ Кишваров – Ҷюиоп Ҳан (Кореяи Ҷанубӣ); Ҷаҳонгир Маҷидов – ғолиби ҷуфти Фарес Мехоух (Фаронса)/Мартин Бездек (Чехия).

Барномаи Abu Dhabi Grand Slam 2025 :

28-уми ноябр (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг байни мардон.

29-уми ноябр (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг байни мардон.

30-юми ноябр (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг байни мардон.

Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқот 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ба варзишгарон барои медали тилло 5 ҳазор евро, медали нуқра - 3 ҳазор ва нишони биринҷӣ - 1500 евро ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад.

Ҳамчунин, варзишгарон барои беҳтар кардани мавқеашон дар феҳристи ҷаҳонӣ соҳиби имтиёзҳо мешаванд. Ғолибон 1000 имтиёз, барандагони ҷойи дуюм 700 имтиёз, ҷойи сеюм 500 имтиёз мегиранд.

Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалии ҷудо “Abu Dhabi Grand Slam 2024”, ки моҳи октябри соли гузашта дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ - шаҳри Абузабӣ – баргузор шуд, се медал (як нуқра ва ду биринҷӣ) ба даст оварданд.

Медали нуқраро Абубакр Шеров дар вазни то 73 кило гирифт. Обид Ҷебов дар вазни то 66 кило ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кило барандагони медали биринҷӣ гардиданд.