“Чораи зарурӣ андешед.” Талаби сафорати Чин аз мақомоти тоҷик

Сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон

Сафири Чин дар Тоҷикистон, Го Чжизюн, аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки барои таъмини амнияти ширкат ва шаҳрвандони чинӣ “тамоми чораҳои заруриро биандешанд”. Дар ин бора вебсайти сафорати Чин дар Тоҷикистон рӯзи 1-уми декабр хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, Чжизюн дар пайи ҳамла ба роҳсозони чинӣ дар ноҳияи Дарвоз “ба таври фаврӣ” бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва муовини аввали раиси КДАМ Фарҳод Камолзода гап задааст.

Дар баёнияи сафорати Чин омадааст, ки “Тоҷикистон ҳамлаи мусаллаҳона ба шаҳрвандони Чинро қотеона маҳкум намуда, изҳор дошт, ба талабҳои Чин аҳамияти калон медиҳад ва барои ҳимоят аз ширкату шаҳрвандони чинӣ билофосила чораҳои амниятиро тақвият медиҳад”.

Ҷониби Тоҷикистон дар мавриди тамоси сафири Чин ва ҷузъиёти гуфтугӯи онҳо хабар надодааст.

Дар ҳамин ҳол, сомонаи Global Times рӯзи якуми декабр навишт, ки дар муроҷиате тавассути шабакаи WeChat аз шаҳрвандони Чин дар Тоҷикистон хоста шудааст, сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро тарк кунанд ва ё аз сафар ба онҷо худдорӣ намоянд.

Дар як ҳафтаи охир аз хоки Афғонистон ба ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистон ду ҳамла анҷом шудааст. Дар ҳарду ҳодиса панҷ шаҳрванди Чин кушта ва панҷ тани дигар захмӣ гаштаанд. Онҳо дар як корхонаи заршӯйӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва ширкати роҳсозӣ дар ноҳияи Дарвоз кор мекарданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Тоҷикистон ҳамлаҳоро дар марз “амали террористӣ” номид5 кушта ва 5 захмӣ. Вокуниши Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамлаҳо аз АфғонистонҲалокати ду роҳсози чинӣ дар ҳамлаи мусаллаҳона дар ДарвозЧин аз шаҳрвандонаш хост, аз марзи Тоҷикистон бо Афғонистон берун шавандҶузъиёти ҳамлаи маргбор ба коргарони чинӣ дар Тоҷикистон ошкор шудПокистон ва ҳам Толибон ҳамла ба Тоҷикистонро маҳкум кардандДар ҳамла дар марзи Тоҷикистону Афғонистон се шаҳрванди Чин кушта шудаанд