Русия мехоҳад, ихроҷу истирдоди шаҳрвандони хориҷиеро, ки бо Вазорати дифои ин кишвар қарордод баста, дар ҷанги зидди Украина ширкат доранд, манъ кунад.
Кумисюни ҳукуматӣ оид ба қонунгузорӣ тарҳи қонунеро дар ин бора таҳия карда, ба Думаи давлатӣ фиристодааст. Эҳтимол Маскав ният дорад, бо ин роҳ хориҷиёни бештареро барои артиш ва сафарбарӣ ба ҷанг ҷалб кунад.
Тибқи ин тарҳ, ҳамчунин ба хориҷиён дар гирифтани ҳаққи иқомат, иҷозатномаи кор ва иҷозаи вуруд ба Русия набояд посухи рад дода шавад.
Ин санад истирдоди ширкатдорони ҷанг дар Украинаро барои адои ҷазо ба кишварҳои худашон низ манъ мекунад. Тасмими манъи интиқоли сарбозони қарордодӣ ба давлатҳои дигар ба ҳазорҳо муҳоҷири корӣ аз Осиёи Марказӣ рабт мегирад, ки аз тарафи Русия ба ҷанги Украина сафарбар шудаанд.
Қонун дар аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ, ширкати шаҳрвандон дар низоъҳои хориҷиро манъ ва ҷазо пешбинӣ кардааст. Дар Қазоқистон давоми 3 соли охир даҳҳо нафарро барои ширкат дар ҷанги Украина ба мӯҳлатҳои гуногун, аксаран то 5 сол, зиндонӣ кардаанд.
Дар Қирғизистон ва Узбекистон ба шахсоне, ки бо Русия қарордод бастаанд, ҷазои сабуктар пешбинӣ мекунанд ва аксарият ҷазои шартӣ гирифтаанд.
Ба фарқ аз кишварҳои ҳамсоя, дар Тоҷикистон касе "барои иштирок дар даргириҳои Украина" ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида нашудааст.
Моҳи августи имсол Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон гуфт, "дар ҳоле ки шаҳрвандии ягон кишварро қабул мекунед, талабот ва ӯҳдадориҳои он давлатро бояд риоя кунед". Манзури ӯ тоҷикистониёне буд, ки шиносномаи русӣ гирифтаанд.
Ин дар ҳолест, ки дар гузоришу пажӯҳишҳо аз ҳузури садҳо ва кушта шудани даҳҳо зодаи Тоҷикистон дар ҷанг хабар дода шудааст.
Ба ҳисоби тарҳи давлатии "Зистан мехоҳам" (Украина) аз оғози соли равон беш аз 600 зодаи Тоҷикистон бо артиши Русия қарордод баста, ба ҷанг рафтаанд. Ин тарҳ дар маҷмӯъ номи 930 Тоҷикистониро нашр кард, ки ба ҷанг пайвастаанд ва тақрибан 200 нафарашон ҳам кушта шудаанд.
Ба гуфтаи муаллифони пажӯҳиш, аксарият аз зиндонҳо ва қисме ҳам аз сохтмону бозорҳо ба ҷанг сафарбар шудаанд. Ба ин роҳ онҳоро бо ваъдаи раҳоӣ аз зиндон, пули калон ва ё пешниҳоди шиносномаи русӣ ҷалб мекарданд.