Тоҷикистон ҳамлаҳоро дар марз “амали террористӣ” номид

Марзи Тоҷикистону Афғонистон. Акс аз бойгонӣ

Нерӯҳои марзбонӣ, як ниҳоди вобаста аз Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ҳамла ба роҳсозони чиниро дар ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон тасдиқ кард ва онро "кори аъзои гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ" номид, вале аз ҳеч созмоне ном нагирифт.

Радиои Озодӣ қаблан бо такя ба манобеаш гузориш дод, ки дар ҳамлае шоми 30-юми ноябр дар деҳаи Шодаки ноҳияи Дарвоз ду шаҳрванди Чин кушта шудаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ҳалокати ду роҳсози чинӣ дар ҳамлаи мусаллаҳона дар Дарвоз

Нерӯҳои марзбонӣ дар изҳороте аз 1-уми декабр гуфт, дар ин ҳамла, ки "аз ҳудуди деҳаи Рузваяки вилояти Бадахшони Афғонистон сурат гирифт", ду коргари ширкати “China Road and Bridge Corporation” низ маҷруҳ гаштаанд.

“Ҷониби Тоҷикистон барои таҳкими сарҳади давлатӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандони кишвар ва хориҷӣ чораҳои иловагӣ меандешад,” -- гуфта шудааст дар изҳорот. Маълум нест, чораҳои иловагӣ аз чӣ иборат хоҳад буд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳамчунин аз ҳукумати “Толибон” дар Афғонистон хостаанд, ки “ҷиҳати таъмини амну субот дар хатти сарҳади давлатии ду кишвар ва дастгир намудани афроди ба ин амалҳои мудҳиш дастдошта тадбирҳои муассири саривақтӣ андешанд.”

Дар ҳамин ҳол, телевизиони “Тулуъ” ба нақл аз Эҳсонуллоҳ Комгор, сухангӯйи фармондеҳии Бадахшони Афғонистон, гуфтааст, ки дар пайванд ба ҳамла ба коргарони чинӣ ду нафар дастгир шудааст.

Дар як ҳафтаи охир ин ҳамлаи дувум аз хоки Афғонистон ба ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистон аст. Дар умум, ба иттилои расмӣ, дар ҳарду ҳодиса панҷ шаҳрванди Чин кушта ва панҷ тани дигар захмӣ шудаанд.

Аз ин пеш, шаби 26-уми ноябр, дар як ҳамла ба қароргоҳи як корхонаи заршӯйӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон, ки ба гуфтаи мақомот аз сӯи Афғонистон анҷом шуд, 3 шаҳрванди Чин кушта шуданд. Захмиҳо низ ҳастанд.

Баъди ба сари қудрат омадани "Толибон" заршӯӣ ва истихроҷи тило дар соҳили дарёи Панҷ зиёд шуд. Дар баробари шаҳрвандони Афғонистон чиниҳо ҳам дар он ҷо тило меҷӯянд ва гурӯҳе аз онҳоро ба далели убури ғайриқонунии марз боздошт ҳам кардаанд.

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон гуфтааст, феълан “вазъ дар сарҳад ором ва зери назорат аст” ва ҳамзамон таҳқиқи ҳодисаҳо идома дорад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Вокуниши Тоҷикистон ба ҳамлаҳо аз Афғонистон