Гурӯҳи "Толибон" аз тамоси Сироҷиддин Муҳриддин ва Амирхон Муттақӣ хабар дод

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон (чап) ва Амирхон Муттақӣ, вазири умури хориҷии ҳукумати "Толибон" (рост)

Дар пайи ҳамлаҳо аз хоки Афғонистон ба шаҳрвандони Чин дар ду ноҳияи наздимарзии Тоҷикистон, ки панҷ кушта ва панҷ захмӣ барҷой гузошт, вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва ҳукумати "Толибон" телефонӣ суҳбат кардаанд.

Вазорати корҳои хориҷии "Толибон" рӯзи 2-юми декабр дар эъломияе навишт, ки Амирхон Муттақӣ ва Сироҷиддин Муҳриддин "ба идомаи тамоси нерӯҳои марзӣ, ҳамкориҳои амниятӣ ва баргузории нишастҳои кумитаҳои муштарак тавофуқ карданд".

Ҷониби Тоҷикистон дар мавриди ин тамоси телефонӣ то кунун ибрози назар накардааст.

Бар асоси изҳороти "Толибон", Муттақӣ ба Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, ду кишвар ахиран фазои эътимод ва ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятиро эҷод кардаанд, "аммо баъзе аз ҳалқаҳо талош доранд ба ин раванд осеб бизананд". Дар изҳорот ба ҳалқа ё гурӯҳҳое, ки мехоҳанд робитаҳои Тоҷикистону Афғонистонро халалдор кунанд, ишорае нашудааст.

Сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон. Акс аз бойгонӣ

Эъломияи Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати "Толибон" мегӯяд, Муттақӣ гуфтааст, ки Аморати исломии Афғонистон (Толибон ҳукумати худро чунин меноманд), омодааст дар таҳқиқоти муштарак дар бораи раванди кушта шудани шаҳрвандони Чин дар хоки Тоҷикистон бо ин кишвар ҳамкорӣ кунанд.

Бар пояи хабарномае, ки "Толибон" нашр кардаанд, Тоҷикистон низ хоҳони ҳамоҳангӣ ва таъмини амнияти марзӣ бо "Толибон" шудааст.

Дар чаҳор соли пас аз ба сари қудрат омадани ҳукумати "Толибон" дар Афғонистон, бори аввал аст, ки дипломатҳои аршади Тоҷикистон ва гурӯҳи ҳоким дар Афғонистон дар ин сатҳ бо ҳам телефонӣ суҳбат мекунанд.

Дар як ҳафтаи охир аз хоки Афғонистон ба ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистон ду ҳамла анҷом шуда, панҷ шаҳрванди Чин кушта ва панҷ тани дигар захмӣ гаштаанд. Онҳо дар як корхонаи заршӯйӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва ширкати роҳсозӣ дар ноҳияи Дарвоз кор мекарданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Тоҷикистон ҳамлаҳоро дар марз “амали террористӣ” номид“Чораи зарурӣ андешед.” Талаби сафорати Чин аз мақомоти тоҷик5 кушта ва 5 захмӣ. Вокуниши Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамлаҳо аз АфғонистонҲалокати ду роҳсози чинӣ дар ҳамлаи мусаллаҳона дар ДарвозЧин аз шаҳрвандонаш хост, аз марзи Тоҷикистон бо Афғонистон берун шавандҶузъиёти ҳамлаи маргбор ба коргарони чинӣ дар Тоҷикистон ошкор шудПокистон ва ҳам Толибон ҳамла ба Тоҷикистонро маҳкум кардандДар ҳамла дар марзи Тоҷикистону Афғонистон се шаҳрванди Чин кушта шудаанд