Зеленский аз идомаи музокира бо ИМА хабар дод

Аввалин музокироти намояндагони Амрико ва Украина дар шаҳри Женева

Андрей Ермак, роҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти Украина мегӯяд, охири ин ҳафта бо мақомоти Амрико дар шаҳри Женева бори дигар вохӯрда, тарҳи сулҳи Вашингтонро баррасӣ мекунанд.

Ермак дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштааст, муҳим ин аст, ки раванди оғозшуда қатъ нашавад.

Ба гуфтаи ин мақомдори украинӣ, ҳадафи асосӣ ва ягонаи тарафҳо ҳарчӣ зудтар расидан ба сулҳи пойдор барои Украина аст. Роҳбари дафтари президенти Украина барои бетанаффус кор кардан дар ин бахш аз Амрико ташаккур кардааст.

Президенти Украина Владимир Зеленский шомгоҳи панҷшанбеи 27-уми ноябр дар муроҷиаташ ба мардум тасдиқ кард, ки музокирот бо ИМА идома дорад.

Рӯзи 23-юми ноябр дар шаҳри Женева аввалин даври музокирот бар асоси тарҳи пешниҳодии Доналд Трамп баргузор шуд. Ин лоиҳа расман нашр нашудааст, аммо расонаҳо ҷузъиёти онро пахш карданд.

Бар асоси ин тарҳ, Украина аз баҳри як қисми қаламраваш мегузарад, аз тасмимаш барои пайвастан ба НАТО пурра даст мекашад ва артишашро камтар мекунад. Мақомоти амрикоӣ ва украинӣ баъди дидор дар шаҳри Женева гуфтанд, баъзе бандҳои тарҳи сулҳро ислоҳ кардаанд, аммо ҷузъиёташ маълум нест.