Аз соли 2008 дар Радиои Озодӣ кор мекунад. Дар оғоз намоянда дар минтақаи Кӯлоб буд, сипас ба Душанбе даъват шуд. Аз соли 2017 дар дафтари марказии Радиои Озодӣ дар Прага аст. Соли 1985 таваллуд шуда, факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Кӯлобро хатм кардааст. Бо нашрияҳои "Анвори Дониш", “Миллат”, Оҷонси иттилоотии "Хатлон‑Пресс" ва Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон ҳамкорӣ дошт. Як муддат сардабири нашрияи "Пажвок" буд.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, шумораи шаҳрвандоне, ки аз Украина ба кишварҳои аврупоӣ паноҳ бурданд, аз ду ҳазор нафар бештар шудааст.
Мақомоти тафтишотӣ дар вилояти Иркутски Русия ба се муҳоҷири тоҷик, ки шаби 12-уми ноябри соли гузашта шоҳиди ҳамла ва оташ задани вагони зисти ҳамроҳонашон буданд, иҷозат додаанд, ки ба Тоҷикистон баргарданд.
Як зани тоҷик иддао дорад, ки ӯро бо ду кӯдакаш аз Чехия “ба Украина бозпас фиристодаанд”. Фотимаи 47-сола панҷ сол боз дар Полтаваи Украина кору зиндагӣ мекард ва дар пайи ҳамлаи Русия аз он кишвар берун шуд, вале 14-уми март дигарбора ба макони зисташ баргашт.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, ҷавони тоҷике, ки аз ҷониби Толибон боздошт шудааст, дар Русия муҳоҷири меҳнатӣ буд.
Даҳҳо донишҷӯ ва муҳоҷири тоҷик рӯзи 28-уми феврал ҳамроҳ бо ҳазорон паноҳандаи украинӣ аз хоки ин кишвар вориди Лаҳистон (Полша) шудаанд.
Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон дар бораи сарнавишти шаҳрвандони кишвар дар Украина хабаре надодаанд, яке аз онҳо мегӯяд, мавриди ҳамла қарор гирифт. Чандеи дигар шаби гузашта ба минтақаи наздик ба марзи Лаҳистон фирор кардаанд. Шумори расмии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Украина маълум нест.
Муҳоҷирони тоҷик дар Украина мегӯянд, роҳҳои заминию ҳавоӣ барои берун шудан аз ин кишвар баста аст ва онҳо дар шароити номаълуме зиндагӣ доранд.
Як мақоми баландпояи Идораи гумрук дар Фурудгоҳи Душанбе аз мансаб барканор шуда, нисбат ба ду корманди дигари он парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Манобеъ қазияи онҳоро ба боздошти молики фурӯшгоҳи "Ҷило" бо гумони қочоқи тило рабт медиҳанд.
Русия 24 феврал ҳамла ба Украинаро, ки бисёриҳо аз он метарсиданд, оғоз кард. Мушакҳои русӣ ба фурудгоҳҳои низомии Украина ва зербунёдҳои дигари низомӣ зарба заданд. Дар шаҳри Киев бонги хатар садо дод. Вазорати корҳои дохилии Украина гуфт, то ҳоло 7 сарбоз кушта ва 15 нафари дигар маҷруҳ шудаанд.
Барои ҳимоят аз ҳуқуқи ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба ҳамла ба пулиси Маскав гумонбаранд, се вакили мудофеъ киро кардаанд. Мақомоти Русия гуфтанд, бародарон, Саидакрами 21-сола ва Умари 18-сола, рӯзи 17-уми феврали имсол дар истгоҳи метрои “Тулская” ба кормандони пулис дарафтоданд.
Баъзе аз муҳоҷирони тоҷик дар Маскав гуфтанд, дар як ҳафтаи охир тафтишу боздошти онҳо аз ҷониби пулис бештар шудааст. Аксари онҳое, ки чунин шикоят мекунанд, дар минтақаи Истраи вилояти Маскав кору зиндагӣ доранд.
Модари чор муҳоҷири тоҷик, ки дар боздоштгоҳи Иркутски Русия ҳастанд, дар номае аз Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон хостаанд, то ба Владимир Путин занг занад ва барои озоди фарзандонашон кумак кунад.
Тақрибан сӣ муҳоҷири тоҷик шикоят доранд, ки телефонҳои мобилӣ, либос ва ним миллион рубли худро аз пулиси Маскав пас гирифта наметавонанд. Онҳо 27-уми январи имсол бо гумони фаъолият дар як корхонаи ғайриқонунии истеҳсоли шароб дастгир ва пас аз ду рӯз раҳо шудаанд.
Манобеи Радиои Озодӣ дар Хоруғ хабар доданд, ки мақомот барои таслим шудани Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, як чеҳраи шинохта дар минтақа ва шаш сокини дигари ВМКБ як ҳафта муҳлат додааст.
Кӯмаки муҳоҷирон ба як зани бесарпаноҳ дар Душанбе ва марги шаш муҳоҷир дар гармхонае дар Русия аз мавзуҳои пурбаҳси ҳафтаи гузашта дар Радиои Озодӣ буд.
Парвандаи ҷанҷоли ду корманди Додситонии Хатлон бо ду нозири Бозрасии Давлатии Автомобилии ин вилоят, ҳарчанд бо даъвои дашномҳои қабеҳ ба унвони модар боз шуд, ба сабқати “зӯрозмоӣ”-и байни прокуратура ва БДА табдил мешавад.
Қарори барканории Алишер Неъматзода ва Сафар Абдуллоев ҳафтаи гузашта содир шуд. Арчаи солинавӣ дар ноҳияи Вахш рӯзи 3-юми январ сӯхт. Сабабашро оташбозии ноболиғон номиданд.
Ёфтҳои бештар