Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Як модари ғамзада аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон дархост дорад, ки барои муваққатан боздоштани маҷрои оби наҳри Варзоб мусоидат намояд. Духтари ноболиғи зан аввали моҳи ноябр дар ин наҳр ғарқ шуд. Хоҳиши модари дилреш ин аст, ки ҷисми беҷони фарзандашро ба хок супорад, то андаке таскин ёбад.
Давоми ду соли оянда давлати Тоҷикистон ҳаҷми кумакҳои иҷтимоиро барои хонаводаҳои камбизоат бештар мекунад. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия 15-уми ноябр дар Маҷлиси намояндагон гуфт, қарори ҳукумат қабул шуда, зиёдшавии мизони кумакҳо то соли 2025 идома хоҳад дошт.
19 ноябр Рӯзи ҷаҳонии гиромидошти хотири қурбониёни ҳодисаҳо дар роҳ мебошад.
Пайвандони як ҷавони 25-сола дар шаҳри Ҳисор мегӯянд, кормандони мақомоти интизомӣ бемории равонӣ доштани фарзандашонро ба эътибор нагирифта, ӯро ба артиш бурдаанд.
Хонаводаи як зани 39-сола дар ноҳияи Файзобод беш аз шаш моҳ аст духтари бедаракшудаашонро ҷустуҷӯ доранд.
Аз рӯйи хабару гузоришҳои мақомоти умури дохилӣ, мавридҳои дуздии пул аз хонаву дохили мошини шаҳрвандон дар Тоҷикистон бештао шудааст. Ин бор хабарнигорони "Озодӣ" аз мардум пурсиданд, ки пулҳои худро дар куҷо нигоҳ медоранд ва барои эмин нигоҳ доштан куҷоро беҳтар меҳисобанд?
6-уми ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи Конститутсия таҷлил мегардад. Дар Қонуни асосӣ пешбинӣ шудааст, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда фароҳам меорад ва ҳама дар назди қонун баробаранд.
Пурсиши Радиои Озодӣ дар Рӯзи Конститутсия дар кӯчаҳои Душанбе барпо шудааст
Тибқи пешбинии обуҳавшиносон, ин ҳафта ҳарорати ҳаво дар кишвар то 8-10 дараҷа паст мешавад ва ба дунболи он сардиҳо оғоз хоҳад шуд. Мардуми Тоҷикистон барои зимистони имсола чӣ омодагӣ доранд? Нархи сӯзишворӣ бахусус ангишт то куҷо барои аҳолӣ дастрас аст.
Тибқи пешбинии обуҳавшиносон, ин ҳафта ҳарорати ҳаво дар кишвар то 8-10 дараҷа паст мешавад ва ба дунболи он сардиҳо оғоз хоҳад шуд. Мардуми Тоҷикистон барои зимистони имсола чӣ омодагӣ доранд? Нархи сӯзишворӣ бахусус ангишт то куҷо барои аҳолӣ дастрас аст?.
Гаронии нархи мева дар бозорҳои Тоҷикистон баъзе аз сокинонро нигарон кардааст.
Ин шабу рӯз маъракаи даъвати ҷавонон ба хидмат дар Тоҷикистон идома дорад. Вазорати дифоъ аз иҷрои 66%-и нақша хабар дод. Мақомот мегӯянд, теъдоди ихтиёриён афзудааст. Баъзе аз сокинон аз фишор ва маҷбурӣ ба артиш бурдани ҷавонон мегӯянд.
Оромгоҳи Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, аз пурэҳтиромтарин шахсиятҳои таърихӣ дар ҷаҳон дар Қунияи қаламрави имрӯзаи Туркия асрҳо боз ба як масири умдаи сайёҳӣ ва зиёрати ирфонӣ табдил ёфтааст.
Дар ҳоле ки бемористонҳои Тоҷикистон бо камбуди мутахассисон рӯбарӯст, баъзе аз пизишкони тоҷик ба хориҷа рафтаанд ва аз кору зиндагии худ розиянд. Яке аз онҳо Ситора Қодирова аст, пизишки занон.
Туркия макони кору зиндагии ҳазорҳо муҳоҷири тоҷик аст. Бархе дар ин кишвар на фақат барои худ роҳу ҷойгоҳ пайдо кардаанд, балки барои дигарон ҳам ҷойи кор офаридаанд.
Ҳафтаи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ 2 навори латукӯби кӯдакон аз тарафи модаронашон нашр шуд. ВКД баъдан хабар дод, ки ин 2 занро боздошт кард. "Озодӣ" аз сокинон пурсид, ба латукуби кӯдак аз ҷониби волидайн чӣ назар доранд? Ва ба ақидаи онҳо чӣ сабаб мешавад, ки волидон кӯдаконашонро бизананд?
Сафиаллоҳ Мирзозодаи ҳафтсола, ки аз сели маргбор дар шаҳри Ваҳдат ба таври муъҷизаосо наҷот ёфт, ҳоло дар бемористон аст.
Палави тоҷикӣ, шакаробу қурутоб, фатиру кулча ва чойи сабзи тоҷикӣ. Чойхонае дар як гӯшаи Истанбули Туркия барои тоҷикони ин кишвар ва хориҷиён дастурхони тоҷикӣ ороста, фазои тоҷикона фароҳам овардааст.
Як чойхона дар шаҳри Истанбули Туркия ба мизоҷон аз тамоми ҷаҳон хӯрокҳои тоҷикӣ пешниҳод мекунад. Ин чойхона ки «Тоҷикона» ном дорад, бо нақшу нигори миллӣ ороиш ёфта ва онҷо мусиқии тоҷикӣ ҳам садо медиҳад.
Ёфтҳои бештар