Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Баъзе аз сокинон пайваста кори ниҳодҳои давлатии Тоҷикистонро танқид мекунанд. Яке аз беадолатӣ шикоят дорад, дигаре аз бекорӣ ва бархӯрди номуносиби мансабдорон бо мардум. Хабарнигорони Озодӣ аз чанд роҳгузар пурсиданд, ки агар ба ҷойи яке аз вазирону раисон мебуданд, чиро дигар мекарданд?
Дар назди як мардикорбозори Душанбе ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ташкил карданд. Дар он садҳо ҷойи кор пешниҳод шуд. Вале шумори корҷӯён дар ин ярмарка хеле кам буданд. Мардикорон ва бекорон аз чунин маъракаҳо умеди зиёд надоранд.
Лоиқ Раҷабов дуввумин варзишгар аз Тоҷикистон дар ташкилоти маъруфи UFC ният дорад, моҳи июн дубора ба майдон барояд.
Хабари омадани ҳайати Толибон ба шаҳри Хоруғи Тоҷикистон, ки мақомот онро тасдиқ ё рад намекунанд, вокунишҳои зиёдеро ба миён овард.
Охири ҳамин моҳ афсарони милиса, неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва дигар кормандони ниҳодҳои интизомӣ музди кори баландтар мегиранд, ки дар муқоиса ба музди пешинаашон аз 20 то 25 дар сад зиёд аст.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз чанд раҳгузар дар Душанбе пурсиданд, ки музди корашон ба зиндагӣ мерасад ва музди кори хуб чӣ қадар аст. Яке гуфт: “ Аз куҷо мерасад, намерасад. Посухи дигар ингуна буд: “Ман Русия меравам, се баробар кор мекунам.” Бақияи посухҳои ҷолибро худатон бубинед.
Қисмати дуввуми хотираҳои Абдухалил Холиқзода, мудири Бемористони Ибни Сино ва аз соҳибкорони муваффақи кишвар нашр шуд.
Дар ҳоле ки мақомот солҳо боз роҳи муҳоҷиронро ба Корея ҳамвор карда наметавонанд, масъулони ширкати “Душанбе Моторс” иддао доранд, ки ҳар сол аз 3 то 10 ҳазор нафарро хоҳанд фиристод. Аммо, ба гуфтаашон, муҳлати сафар маҳдуд аст ва аз ҳоло дар бораи бозгашти саривақтии муҳоҷирон нигаронӣ ҷой дорад.
Варзишгари тоҷик Нурулло Алиев баъд аз ҳунарнамоии аввалин ва пирӯзияш дар созмони UFC ба Тоҷикистон баргашт. Хабарнигори Радиои Озодӣ ӯро дид ва дар бораи сабқаташ, мушкилиҳо, ҷоиза, ғорат ва нақшаҳои минбаъдааш пурсид.
Сокинони Тоҷикистон ба мисли қабл ба осонӣ наметавонанд меху дигар масолеҳи сохтмонӣ бихаранд. Дар баъзе мағозаҳо мехро бидуни шиноснома намефурӯшанд. Мақомот дар ин бора чизе намегӯянд, аммо баъзе фурӯшандаҳо ҳушдор гирифтаанд, ки дар сурати бидуни шиноснома фурӯхтани мех ҷазо хоҳанд гирифт. Чаро?
Сокинони Тоҷикистон мисли қабл ба осонӣ наметавонанд меху дигар масолеҳи сохтмонӣ бихаранд. Дар баъзе аз мағозаҳо мехро бидуни шиноснома намефурӯшанд. Мақомот дар ин бора чизе намегӯянд, аммо баъзе фурӯшандаҳо ҳушдор гирифтаанд, ки дар сурати бидуни шиноснома фурӯхтани мех ҷазо хоҳанд гирифт. Чаро?
Тоҷикистону Қазоқистон додугирифти наверо ба роҳ монданд, то яке сабзавоти баҳорӣ, аз ҷумла пиёз дошта бошад, дигарӣ гандум. Ду тараф сари ҳамин масъала чанде пеш гуфтугӯ кардаанд. Дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон бо баҳонаи онки “ҳоло оғози кор аст”, ҷузъиёт надоданд.
Тоҷикистону Қазоқистон додугирифти наверо ба роҳ монданд, то яке сабзавоти баҳорӣ, аз ҷумла пиёз дошта бошад, дигарӣ гандум. Ду тараф сари ҳамин масъала чанде пеш гуфтугӯ кардаанд.
Як гуруҳи мутахассисон санҷиши биноҳои навбунёду баландошёнаро дар Душанбе ва ду шаҳри дигари Тоҷикистонро сар кардаанд, ки оё ба заминларза тобоваранд ё не. Санҷиш то нимаи моҳи март идома хоҳад кард. Кумисюнро пас аз заминларзаи харобиовар дар Туркия таъсис доданд.
Дипломатҳои Иттиҳоди Аврупо бо Тоҷикистон шарту шароити созишномаи наверо баррасӣ кардаанд, ки қарор аст, ҳамкориҳои ду тарафро ба сатҳи баландтаре бардорад.
Дар Тоҷикистон, ки ҷудошавии оилаҳо боис ба нигаронӣ шудааст, боҷи давлатиро барои қатъи ақди никоҳ 7 баробар боло бурданд. Акнун ҳар касе, ки мехоҳад аз шавҳар ё занаш ҷудо шавад, бояд ба давлат қариб 500 сомонӣ супорад. Пештар ин маблағ 68 сомонӣ буд. Оё ин метавонад ҷуфтҳоро аз ҷудоӣ боздорад?
Дар Тоҷикистон, ки масъулин аз афзоиши ҷудошавии оилаҳо изҳори нигаронӣ мекунанд, боҷи давлатӣ барои қатъи ақди никоҳро 7 баробар боло бурдаанд. Акнун ҳар касе, ки мехоҳад аз шавҳар ё ҳамсараш ҷудо шавад, бояд ба давлат қариб 500 сомонӣ супорад. Аммо оё ин метавонад ҷуфтҳоро аз роҳи ҷудоӣ гардонад?
Муовини мудири Оҷонси рушди байнулмилалии Амрико, Изобел Коулман, рӯзҳои 17-18-уми феврал дар Тоҷикистон буд. USAID яке аз кумакрасонҳои асосӣ ба Тоҷикистон аст.
Ёфтҳои бештар