Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Масъулони Кумитаи дин дар Тоҷикистон дар як моҳи охир ҳудуди ҳазор нафарро аз сафари, ба гуфтаашон, "бебандубори" Ҳаҷҷи Умра гардондаанд. Онҳо аз зоирон мехоҳанд, танҳо ба воситаи ширкатҳои расмӣ ба Арабистони Саудӣ бираванд. Баъзе аз сокинон гуфтанд, хадамоти ин ширкатҳо гарон аст.
Дар як моҳи ахир тақрибан ҳазор нафарро дар Тоҷикистон аз сафар ба Ҳаҷи умра баргардониданд. Кумитаи дин ва танзими анъана аз сафарҳои бебандубори зойирини тоҷик ба ҳаҷи умра изҳори нигаронӣ карда, аз сокинон мехоҳад, танҳо тариқи ширкатҳои расмӣ ба Саудӣ бираванд.
Қурби рубли русӣ дар як ҳафтаи ахир ба таври назаррас паст шуд. Ин хабар садҳо нафарро дар Тоҷикистон нигарон кард, чун наздикони онҳо маблағҳои худро аз Русия бо рубл мефиристанд. Таҳлилгарон инро пайомади таҳримҳои Ғарб алайҳи Маскав бахусус ҷорӣ кардани нархи ягона барои нафти Русия медонанд.
Дар Тоҷикистон арзиши рубли русӣ дар баробари сомонӣ якбора поин рафт. Ин хабар садҳо нафарро дар Тоҷикистон нигарон кард. Қурби рубл барои аксар сокинони кишвар як мавзӯи муҳим аст, чун наздиконашон аз Русия асосан пули русӣ мефиристанд.
Масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар як ҳафта аз боздошти камаш чаҳор нафаре гузориш доданд, ки "бо таҳдиди бадном кардани духтарону писарон дар Интернет аз онҳо пул хостаанд".
Таҳдиди бадномсозӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои бархе дар Тоҷикистон ба як воситаи пулкоркунӣ табдил ёфтааст. Мақомоти интизомӣ аз боздошти ҷаҳор ҷавоне хабар додаанд, ки духтарону писаронро аксу навор гирифта, таҳдид мекардаанд, ки онҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ беобрӯ месозанд.
Мавзӯи ҷанги Украина ва қурбониёни тоҷики он ба таронаҳои рэпсароёни тоҷик роҳ ёфтааст. Достони яке аз онҳоро рэпсаро Мастер Сура ё Суҳроб Солиев сурудааст.
Ҷанги Русия дар Украина ва ширкати ҷавонони тоҷик дар он мавзӯи нав дар рэпи тоҷикӣ аст. Як рэпсарои тоҷик, бо дархости сарбози тоҷики нерӯҳои Русия қиссаи ӯро ба ҷавонон нақл кардааст. Репсарои тоҷик хоҳиши сарбозро иҷро кард ва баъд хабари марги ӯро фаҳмид.
Аз оғози моҳи декабр шикоятҳо аз зуком ва бемориҳои роҳи нафас дар Тоҷикистон якбора зиёд шудааст. Бархе сокинон мегӯянд, нишонаҳои ин беморӣ ба COVID-19 монанд аст, аммо мақомот гирифторӣ ба ин бемориро рад мекунанд.
Аз оғози моҳи декабри имсол шикоятҳо аз зуком ва бемориҳои роҳи нафас дар гӯшаҳои Тоҷикистон афзудааст. Беморие, ки ба гуфтаи сокинон нишонаҳояш ба COVID-19 монанд асту "муолиҷааш мушкилу давомдор". Масъулони Вазорати тандурустӣ гуфтанд, зукоми мавсимист.
Сокинони бархе аз ноҳияҳои Душанбе аз он шикоят мекунанд, ки бо вуҷуди доштани батареяҳои гармидиҳӣ дар ин рӯзҳои сарди зимистон хонаҳояшон гарм нест.
Шикоят дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд шудааст, ки дар пойтахт - шаҳри Душанбе низоми гармидиҳӣ муътадил кор намекунад. Бо гузашти ду моҳ аз шурӯи гармидиҳӣ, хонаҳои мардум дуруст гарм намешаванд. Сокинон мегӯянд, таъмини номуносиби гармӣ хароҷоти онҳоро зиёдтар кардааст.
Оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон пешгӯӣ кардааст, ки боридани барф ва ҳавои сард дар кишвар то 9-уми декабр идома мекунад. Дар оғози сардиҳо хабарнигорони Радиои Озодӣ аз сокинон пурсиданд, ки зимистонро чигуна мегузаронанд?
Баҳсу даъвои сокинони як маҳаллаи Душанбе ним сол боз бо ширкати сохтмонӣ идома дорад. Ширкат мехоҳад, сокинон хонаҳоро холӣ кунанд, то дар ҷойи онҳо бинои дигаре бисозад, аммо соҳибони хонаҳо мегӯянд, то талабҳояшон иҷро нашавад, ба ҳеҷ ҷой намераванд.
Як гурӯҳ аз сокинони маҳаллаи Қазоқони шаҳри Душанбе аз эҳтимоли тахриби манзилҳояшон аз сӯи ширкати сохтмонии "Фарҳоди Ваҳдат" нигаронанд.
Дар як ҳамоише дар Душанбе аз роҳҳои нави муваффақ шудани занон дар тиҷорати хурду миёна ва бартараф кардани мушкилиҳо дар ин роҳ гуфта шуд.
Аввали ҳамин ҳафта дар як ҳамоише дар Душанбе гуруҳе аз тоҷирону мутахассисон ҷамъ омаданд ва гуфтанд, ки чӣ кор бояд кард, то занони тоҷик дар тиҷорат муваффақ шаванд. Занон ки нисфе аз аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, ҳангоми соҳибкорӣ ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ мешаванд.
Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар нишасти байналмилалӣ дар Душанбе Толибонро танқид кард ва гуфт онҳо кишварро ба як зиндони бузург табдил додаанду сокинонро шиканҷа мекунанд.
Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон барои ширкат дар нишасти байналмилалии “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” ба Тоҷикистон омад.
Пайвандони як зани ҷавон дар ноҳияи Варзоб ба гум шудани ӯ хонаводаи шавҳарашро муқассир донистанд. Иддаое, ки ҷониби дигар рад карда, мегӯяд, ӯ барои муоина ба назди духтур рафту дигар барнагашт. Рӯзигули Маҳмадсаид 13-уми октябр боз бедарак аст.
Ёфтҳои бештар