Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
"Қаҳрамони Тоҷикистон" унвони олии давлатӣ аст, ки барои хидматҳои шоиста дар назди давлат ва халқ супорида мешавад. Феълан 6 нафар унвони қаҳрамони Тоҷикистонро доранд, ки ҳама мардонанд. Оё Тоҷикистон қаҳрамонзан надорад? Агар қарор буд як зан қаҳрамони Тоҷикистон бошад, киро номбар мекардед?
Дар Тоҷикистон аз имрӯз 1-уми июл музди кори кормандони идораҳои давлатӣ 40 % зиёд мешавад. Aз ин моҳ бояд ҳаққи нафақа ва ё бознишастагӣ ҳам 30 дар сад бештар бошад ва пиронсолону онҳое, ки солҳои дароз кор кардаанд, бояд пули бештар бигиранд. Оё ин пул барои зиндагии мардуми бознишаста кофист.
29 хатмкарда, аз ҷумла, 13 писару 16 духтар дар як маросими вижа дар Сафорати Афғонистон дар Душанбе соҳиби шаҳодатномаи хатми мактаб гардиданд. 16 духтар дар ҳоле соҳиби шаҳодатнома шуданд, ки дар Афғонистон баъди ба қудрат расидани Толибон духтарон аз синфи 6 боло ҳаққи таҳсил надоранд.
Чаро зӯроварӣ дар оила кам намешавад? Ва роҳи ҳал кадом аст?
Аз 20-уми июн "радар"-ҳо дар роҳҳои Душанбе фаъол шуданд. Ин таҷҳизот панҷ навъи нақзи қоидаҳо, аз ҷумла суръати ҳаракат, набастани камарбанди бехатарӣ, истодан дар хатҳои 2 ва 3, баромадан ба хатти муқобил ва эҷоди монеаро ба дигарон сабт мекунанд. Оё ин пеши роҳи садамаҳоро мегирад?
Додгоҳи олии Тоҷикистон дар соли 2023 барои нодида гирифтани муроҷиати мардум 25 парвандаи ҷиноӣ боз карда, 14 касро ҷазо додааст. Радиои Озодӣ аз мардум пурсид, ки оё ба мақомот корафтода шудаанд? Боре ариза ва номаи додхоҳӣ навиштанд? Посух гирифтанд? Касе онҳоро қабул карду додашонро шунид?
Пас аз ҳодисаи "Крокус", кор барои муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистону Русия сахт шуд. Туркия виза ҷорӣ кард. Эрон ҳанӯз сафари бераводид барои тоҷиконро иҷоза надодааст. Чӣ роҳи дигаре монда? Тоҷикҳо барои кор бояд ба куҷо раванд? Масъулияти ҳукумат чист? "Озодӣ" бо ин суолҳо ба мардум муроҷиат кард.
Дар Тоҷикистон сар аз охири моҳи май мактабхонҳо ба таътили тобистона мебароянд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ ин навбат аз волидон ва дигар сокинон дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе пурсиданд, ки фарзандони онҳо таътили тобистонаро дар куҷо ва дар чӣ шароите мегузаронанд?
Бар асоси як барномаи омӯзишӣ духтаронро дар Тоҷикистон бо фанновариҳои муосир ошно мекунанд. Хатмкардагони он тавонистаанд, аллакай зиндагияшонро ба самти беҳтар тағйир бидиҳанд.
Ҳамасола дар Тоҷикистон 28 май ҳамчун Рӯзи нерӯҳои марзбонӣ ҷашн гирифта мешавад. Имсол Тоҷикистон 30-солагии нерӯҳоии марзбонии худро ҷашн мегирад. Вобаста ба ин сана "Озодӣ" аз мардум пурсид, ки оё мехоҳанд фарзанд ё набераашон марзбон шавад? Ин кор чӣ мушкилӣ дорад? Ба марзбонҳо чӣ орзуҳо доред?
Саҳни фурӯдгоҳи Душанбе ин шабу рӯз пуродам аст. Мусофирони зиёдеро дидан мумкин аст, ки ночор аз Русия баргаштаанд. Аниқтараш бо баҳонаву сабабе онҳоро иҷборан аз ин кишвар берун кардаанд.
Баъди ҳамла ба Крокус ва боздошту ихроҷи муҳоҷирони тоҷик шумори хоҳишмандони муҳоҷират ба Русия коҳиш ёфтааст. Масалан, дар Санкт-Петербург шумори тоҷикони корҷӯ 60 фоиз кам шудааст. Радиои Озодӣ дар фурудгоҳи Душанбе бо онҳое сӯҳбат карданд, ки аз Русия баргаштанд ва ё ихроҷ шудаанд.
Роҳпаймоии “Полки ҷовидон”, ки аз он ҳамчун абзори таблиғотии Русия ҳам ном мебаранд, имсол дар Душанбе бо ҳузури бисёр ками одамон баргузор шуд. Бештари сокинон мустақилона ба Боғи Ғалабаи пойтахт рафта, пирӯзиро дар Ҷанги дуввуми ҷаҳон таҷлил карданд.
Рӯзи 9-уми май дар Душанбе пирӯзиро бар Олмони фашистӣ таҷлил карданд. Аммо яке аз ҷузъҳои ин ҷашн, ки қаблан бо шукуҳу ҳузури мардуми зиёд баргузор мешуд, мисли солҳои пешин набуд. Раҳпаймоии Полки ҷовидон имсол фақат 10-20 нафар дошт. Чаро?
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар Душанбе рӯзи 8-уми май дар маросими гулгузорӣ ба муносибати Рӯзи ғалаба дар ҷанги дуюми ҷаҳон ширкат кард. Аз Тоҷикистон дар ҷанги солҳои 1940-ум садҳо ҳазор нафар иштирок карда имрӯз 25 нафарашон зинда ҳастанд.
Ҷомеашинос Музаффар Олимов гуфт, бояд мақомоту мардуми Тоҷикистон дарк кунанд, ки Русия макони доимии таъмини рӯзгор нест. Ӯ ҷонибдори ёфтани роҳҳои алтернативии муҳоҷират ё ташкили корхонаҳои бузург дар дохили ҷумҳурист. Чизе, ки мақомот солҳо боз ваъда медиҳанд, вале иҷрояш ба кундӣ пеш меравад.
Дар натиҷаи омадани сел дар ноҳияи Варзоб ду нафар ҷон бохта, пулу роҳу хонаҳо вайрон гаштаанд. Мақомот мегӯянд, ба қадри тавон ба ҳама кумак мерасонанд. Баъзе аз сокинони осебдида гуфтанд, ҳанӯз ёрӣ нагирифтанд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ рӯзи 6-уми май дар деҳаи Гулбоғ ин саҳнаҳоро диданд.
Дар натиҷаи омадани сел дар ноҳияи Варзоб ва шаҳри Истаравшан се нафар ҷон бохта, дар чанд минтақаи дигари Тоҷикистон пулу роҳу хонаҳо вайрон гаштаанд. Мақомот мегӯянд, ба қадри тавон ба ҳама кумак мерасонанд. Баъзе аз сокинони осебдида гуфтанд, ҳанӯз ёрӣ нагирифтанд.
Бедодгарии табиат дар чандин шаҳру минтақаи Тоҷикистон аз дирӯз идома дорад. Бино ба иттилои расмӣ дар пайи борону сел се нафар, аз ҷумла як зани 20 сола дар Суғд фавтидааст. Дар аксу наворҳои зиёде дида мешавад, ки занону кӯдаконро аз зери обу лой берун меоранд.
Рӯзи ҷаҳонии озодии баён шуморе аз рӯзноманигорони зан аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба ҷуз Қирғизистону Туркманистонро дар Душанбе дар як нишаст гирди ҳам овард.
Ёфтҳои бештар