Шаҳзодаи Самарқандӣ (Шаҳзода Назарзода), рӯзноманигор ва нависандаи тоҷики муқими Ҳолланд, ки ҳуқуқи одамон, бавижа занону духтарон, дар эҷодиёташ мавзӯи асосӣ аст, рӯзи 19-уми ноябр панҷоҳсола шуд.
Рӯзи 25-уми октябр як пораи бузурги пиряхи Деҳдал дар ноҳияи Тоҷикобод канда шуд. Навори ин ҳодиса ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва нигаронии корбаронро ба миён овард.
Донишмандони тоҷик "таъқиботи сталинӣ"-ро ба тарзҳои гуногун шарҳ дода, омилу сабабҳо ва фитнаҳоеро, ки он замон мегузашт, номбар кардаанд. Яке аз онҳо адабиётшинос Абдураҳмони Абдуманнон аст ва Радиои Озодӣ дар як суҳбати вижа ин мавзуъро бо ӯ дар миён гузошт.
30-юми октябр дар Русия ва кишварҳои дигари шӯравии собиқ ба унвони Рӯзи ёдбуди қурбониҳои сиёсии солҳои 30-юм ё “таъқиботи сталинӣ” ёд мешавад. Ҳарчанд дар поёни умри шӯравӣ ин яке аз мавзуъҳои доғ буд, вақтҳои охир ба гунае фаромӯш шудааст ё дар борааш камтар суҳбат мешавад.
Рӯзи 23 сентябр дар Маҷмаи Умумии СММ раҳбарони ИМА, Осиёи Марказӣ, Туркия ва кишварҳои дигар суханронӣ карданд. Вале таваҷҷӯҳи бештари байналмилалӣ ва матбуотро суханронии президенти ИМА Доналд Трамп ба худ ҷалб кард.
Human Rights Watch дар гузориши солонааш гуфтааст, ки вазъи ҳуқуқи одамон дар соли 2024 дар Тоҷикистон бадтар шуд. Гузоришро рӯзи 16-уми январ нашр карданд. Радиои Озодӣ дар мусоҳибае аз Ҳю Виллиамсон, раиси бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Дидбони Ҳуқуқи Башар далели чунин хулосаро пурсид.
Аз донишгоҳи Вашингтон то Бостону Вирҷиния ва Сиэтлу Йел. “Замини модарон” имсол Шаҳзодаи Самарқандӣ, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷики муқими Ҳолландро барои баҳсу таҳлили ин китоб ба Амрико бурд. Достоне, ки шебу фарози фурӯпошии Шӯравиро ба риштаи тасвир кашида.
33 сол пеш, моҳи декабри 1991, Иёлоти Муттаҳида истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохт. Ду кишвар додугирифти зиёд надоранд, вале Вашингтон дар ин муддат ба Тоҷикистон беш аз 2 миллиард доллар ёрӣ додааст. Амрико ҳамзамон маҳдудияти озодии баёну виҷдон ва саркӯбҳоро дар Тоҷикистон танқид мекунад.
14-уми ноябр аз рӯзе, ки марзбонҳои тоҷик назоратро дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон аз дасти нерӯҳои Русия гирифтанд, 20 сол гузашт.
Фарзонаи Хуҷандӣ, аз маъруфтарин шоирони муосири тоҷик тирамоҳи имсол ба синни 60 расид. Хабарнигори Радиои Озодӣ ба муносибати мавлудаш бо Фарзона доири рисолати эҷодкорӣ ва печутобҳои рӯзгораш суҳбат кард. Сароғоз аз ӯ пурсидем, ки ин шасти камолот то куҷо ба ӯ камол бахшид?
Ёфтҳои бештар