Ҳизби Ҷабҳаи халқ дар Озарбойҷон мегӯяд, мақомҳои амниятӣ Алӣ Каримлӣ, раҳбари ин ҳизбро, ки аслитарин ҳизби мухолифи ҳукумат аст, пас аз юриш ба хонааш дар Боку боздошт кардаанд.
Баъзе аз сокинони шаҳри Душанбе мегӯянд, маҳдудият ё “лимит”-и нерӯи барқ ба пойтахт ҳам расидааст. Ба гуфтаи бошандагони баландошёнаҳо, барқи манзили онҳо бидуни огоҳии қаблӣ ва бо реҷаи номуайян қатъ мешавад.
Стив Виткофф, фиристодаи раисҷумҳури Амрико дар масъалаи Украина, рӯзи дуюми декабр дар Кремл бо президенти Русия Владимир Путин тарҳи сулҳи Украинаро баррасӣ хоҳад кард.
Рамзӣ Калонов, сарбози 19-солаи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки ба қавли наздиконаш ҳашт моҳ пеш ба артиш бурда шуда, дар як воҳиди низомӣ дар Истаравшан (вилояти Суғд) хидмат мекард, ба таври мармуз ҷон бохтааст.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ҳамлаҳо “аз сӯйи Афғонистон” дар ду ноҳияи наздимарзиро “амалҳои ғайриқонунӣ ва иғвоангез” номида, шадидан маҳкум кардааст. Дар ин ҳамлаҳо дар ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин ва Дарвоз панҷ шаҳрванди Чин кушта ва панҷ тани дигар захмӣ шуданд.
Дар пайи ҳамлаи шахсони мусаллаҳ, ду роҳсози чинӣ дар ҳудуди ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кушта шудаанд. Гуфта мешавад, ки ҳамла аз самти Афғонистон сурат гирифтааст.
Дар ҷанги Русия алайҳи Украина, ки қариб чаҳор сол боз идома дорад, ҳазорҳо зодаи Осиёи Марказӣ аз тарафи Маскав иштирок доранд. Бархеро бо зӯру таҳдиди ихроҷ аз Русия ба майдони даргирӣ бурдаанд. Иддае танҳо хостаанд, ки аз ин тариқ пул кор кунанд.
Шерик Карамхудоев, раҳбари пешини намояндагии ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дар шаҳри Хоруғ, дар зиндон фавтидааст.
Раисҷумҳури Украина, ки кишвараш аз як сӯ бо моҷарои фасоди молӣ ва аз тарафи дигар бо ҳамлаҳои сахти ҳавоии Русия дучор шудааст, талошҳои ҷаҳониро барои расидан ба созиши сулҳ бештар кардааст. Вай як гурӯҳро ба Иёлоти Муттаҳида фиристод ва худ дар ҳоли барномарезии сафаре ба Порис мебошад.
Ёфтҳои бештар