Тоҷикистон, ки ба бозгашти "Толибон" ба қудрат дар Афғонистон ошкоро мухолифат карда буд, ҳоло кӯшиш дорад, муносибатро бо ин гурӯҳи исломии тундрав барқарор кунад. Бо вуҷуди баъзе аз дидору мулоқот, ҳанӯз байни Тоҷикистон ва “Толибон” нобоварии амиқ ва ихтилофҳои созишнопазир ҳоким аст.
Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бонкҳо на фақат ниҳоди молӣ, балки абзори таъсиргузор дар сиёсат низ ҳастанд. Баъзе аз хешовандон ё шахсони наздик ба раҳбарони минтақа дар ҳоли ҳозир бонкҳои калонтаринро идора мекунанд, ки ба онҳо имкон медиҳад, ҳам сармоя ҷамъ оранд ва ҳам аз хатарҳо эмин бошанд.
Ҳукумати Қирғизистон тасмим гирифтааст, ки шаҳодатномаҳои кӯҳнаи ронандагиро иваз мекунад ва мактабҳои хусусии ронандагиро мебандад. Аз ин пас ҳар касе, ки хост, ронандагӣ ёд бигирад, дар марказҳои давлатӣ дарс мехонад ва додани ҳаққу шаҳодатномаи ронандагӣ ҳама дар дасти идораҳои давлатӣ хоҳад буд.
Ба наздикӣ як рӯҳонии тоҷик эълон кард, ки занҳо барои дигар кардани чеҳраашон бо сӯзандору дар “рӯзи қиёмат” посух хоҳанд дод. Дар кишвари дигари Осиёи Марказӣ, Туркманистон, занҳоро барои зебоии зоҳирӣ на танҳо дар он, балки дар ин дунё низ ҷазо медиҳанд.
Сидни Кемлегер-Дав, вакили Маҷлиси намояндагони Амрико ва узви зеркумитаи Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, дар поёни ҳафтаи гузашта дар бораи зарурати ҳамкориҳои наздики Вашингтон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Радиои Озодӣ мусоҳиба дод.
Қазоқистон, бузургтарин ва сарватмандтарин кишвари Осиёи Марказӣ, аввалин давлат дар минтақа аст, ки ба “Паймони Иброҳим” мепайвандад.
Раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Амрико дар бораи ҳамкориҳои оянда ва қарордодҳои бузурги тиҷоратӣ сӯҳбат карданд.
Як созмони ҳомии ҳуқуқи инсон аз Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, хостааст, ки барои озодии фаврӣ ва бе қайду шарти рӯзноманигорони маҳбус ва зиндониёни сиёсӣ ба раҳбарони Осиёи Марказӣ фишор биорад.
Афви Байнулмилал ё Amnesty International, як созмони ҳомии ҳуқуқи башар, аз раисҷумҳури Амрико ва аъзои Конгресс хостааст, ки ҳангоми суҳбат бо роҳбарони Осиёи Марказӣ риояи ҳуқуқи инсонро дар маркази гуфтугӯ қарор диҳанд.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, рӯзи 6-уми ноябр дар Вашингтон, пойтахти Иёлоти Муттаҳида, бо раҳбарони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон мулоқот мекунад.
Президенти Қирғизистон таъсиси як бонкро аз тарафи писари хурдиаш шарҳ дод. Ба гуфтаи Содир Ҷабборов, бонки "Баракат" ширкати хусусист ва барои ҳамин бадие надорад, агар писари ӯ ба тиҷорат машғул шавад.
Ёфтҳои бештар