Даҳҳо сокини Пунук дар ноҳияи Ашт тақрибан як моҳ боз Акмал Ҳомидови ҳамдеҳаашонро ҷустуҷӯ доранд. Ӯ рӯзи 3-юми ноябр ҳамроҳи бародаронаш ба нигоҳубини чорво ба кӯҳу теппаҳо рафта, вале нопадид гаштааст.
Азиза Устобобоева, сокини ноҳияи Спитаменро бо гуноҳи ба марг расондани дӯстдухтари писараш, Суғдиёна Тоҷибоеваи 16-сола, ба панҷ сол зиндони низомаш сангин маҳкум кардаанд.
Дар ноҳияи Дӯстӣ, маҳалли иқомати ҳазорон туркмантабор дар вилояти Хатлон, имсол толеи сокинон баландӣ кардааст. Пас аз сармое, ки ду се сол пеш аҳволи анорзорҳои ноҳияро бад кард, имсол дарахтон дигарбора ҷон гирифтаанду ҳосил додаанд.
Дар ноҳияи Мӯъминобод даъвои як падар бо омӯзгори мактаб ҳанӯз идома дорад. Давлатмурод Алимшоев муаллимаи мактаб Шарифамоҳ Шаҳромиро ба он муттаҳам мекунад, ки писари хурдсолаш Муборизро зада, сабаби осеб дидани сараш шудааст. Мақомоти ноҳияву мактаб мегӯянд, даъвои падар асос надорад.
Як хонавода дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин шикоят дорад, ки ноновари оила ҳангоми кор дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” маъюб шуда, ҳоло бистарист, аммо кумаки зарурӣ намегирад. Пармаи кӯҳ панҷ моҳ пеш Сабзалии Маҳмадалиро аз по афтонд ва аъзои баданашро шикаст.
Ҷасади боз як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар ҷанги Русия алайҳи Украина кушта шудааст, рӯзи 3-юми ноябр дар зодгоҳаш, ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд, дафн карданд. Абдумуталиб Аюбов 27 сол дошта, ба қавли пайвандонаш, дар Русия зиндонӣ буд.
Худкушии як духтари ноболиғ дар ноҳияи Спитамен сабаби баҳси ду хонавода шудааст. Пайвандони Суғдиёна Тоҷибоева иддао доранд, ки дар худкушии ӯ модари дӯстписараш гунаҳкор аст. Ҷониби дигар иддаоро рад мекунад. Додситонӣ тафтиши сабабҳои худкуширо оғоз кардааст, ки 6 моҳ пеш рух додааст.
Дар минтақаи Кӯлоб барои шикори гург ҷоиза эълон намудаанд ва шикори хукро бемаҳдуд кардаанд. Мақомот мегӯянд, ки саршумори ин ҷонварон аз 5 ба 7 ҳазор сар расидааст.
Тоҷикистон яке аз сарчашмаҳои муҳими об барои кишварҳои минтақа ба шумор меравад, вале то ҳанӯз ҳазорҳо сокини он қисман ё пурра ба оби бехатари ошомиданӣ дастрасӣ надоранд ва ё ба обе дастрасӣ доранд, ки сабабгори ҳар гуна бемориҳои сироятӣ буда метавонад.
Мадина Ҳалимова, зане, ки худ ва чор фарзандашро ба дарё партофта буд ба 20 сол зиндон маҳкум шудааст. Ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, ҳукми Додгоҳи минтақаи Кӯлоб 9-уми октябр содир шудааст. Хонаводаи Мадина Ҳалимова мегӯянд, нияти шикоят бурдан аз болои қарори додгоҳро надоранд.
Ёфтҳои бештар