Норасоии нерӯи барқ на танҳо кори хадамоти умумиро ба ҳам задааст, балки аҳволи тоҷиронро ҳам дар Тоҷикистон бад кардааст.
Мақомоти шаҳри Душанбе барои беҳтар кардани кори нақлиёти умумӣ ва пардохти саривақтии молиёт, навоварие ҷорӣ кардаанд.
Як гурӯҳ сокинони деҳаи Такоби ноҳияи Варзоб шикоят доранд, ки садои таркиши кӯҳ ва афтодани сангпораҳо ба болои манзилҳояшон онҳоро метарсонад ва ба вазъи саломатиашон таъсири манфӣ расондааст.
Мақомоти Тоҷикистон дар нуҳ моҳи имсол ба ҳадде ҷарима ситонидаанд, ки аз нақшаи пешбинишуда қариб 50 дар сад зиёдтар будааст.
Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бонкҳо на фақат ниҳоди молӣ, балки абзори таъсиргузор дар сиёсат низ ҳастанд. Баъзе аз хешовандон ё шахсони наздик ба раҳбарони минтақа дар ҳоли ҳозир бонкҳои калонтаринро идора мекунанд, ки ба онҳо имкон медиҳад, ҳам сармоя ҷамъ оранд ва ҳам аз хатарҳо эмин бошанд.
Созандагони барнома гуфтанд, мардум бе душворӣ ва ҳатто бо суръати поини интернет метавонанд бо ҳам суҳбат куннад. Баъзе аз корбарон дар бахши сиёсати ҳифзи ҳарими хусусии он ба нуктае таваҷҷӯҳ кардаанд, ки ба бовари онҳо бехатарии мукотибаро зери суол мебарад.
Дар ноҳияи Дӯстӣ, маҳалли иқомати ҳазорон туркмантабор дар вилояти Хатлон, имсол толеи сокинон баландӣ кардааст. Пас аз сармое, ки ду се сол пеш аҳволи анорзорҳои ноҳияро бад кард, имсол дарахтон дигарбора ҷон гирифтаанду ҳосил додаанд.
Таҳримҳои Шӯрои Аврупо алайҳи “Душанбе Сити”, “Спитаменбонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” рӯзи 12-уми ноябр ба иҷро даромад. Далели ин қарор “ёрӣ ба Русия” гуфта шудааст, ки “вазъро дар Украина бесубот мекунад”. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳори нигаронии амиқ намуд.
Ба гузориши Оҷонси омори Тоҷикистон, аз теъдоди умумии ширкату соҳибкорони инфиродӣ (810 ҳазор), ки расман дар “Равзанаи ягона”-и Кумитаи андоз ё молиёт сабт шудаанд, зиёда аз 400 ҳазори он аз кор мондааст.
Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии ИМА гуфтааст, ки созишномаҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Амрико ба ду кишвар миллиардҳо доллар фоида хоҳад овард.
Ёфтҳои бештар