Як дӯстам қисса кард, ки соли гузашта бо чанд нафар ба кӯҳ барои ҷамъоварии писта рафта буданд. Дар баландии кӯҳ хайма заданд ва ғизову обро ҳам он ҷо гузошта, барои чидани писта ба дараҳои тангу ваҳим поин шуданд. Табиист, ки дар кӯҳистон дар гармои шадиди тобистон об аз ҳар чизи дигар муҳим аст.
Ва ҳар кадоме аз онҳо дар як зарфи кӯчак об гирифта буданд, аммо дӯстам фаромӯш карда буд, ки оби гирифтааш барои чанд соате кофист ва хеле дур аз хайма рафта буд. Ҳосили пистаи хуб дарёфта, беш аз як халта писта ҷамъ овард ва дар ниҳоят ба хотираш зад, ки хеле ташна аст, аммо обаш тамом шудааст.
Ваҳшат ӯро фаро гирифт, ки бо ин шиддати ташнагӣ чи гуна ба назди хайма, ҳатто бидуни бардоштани бор бармегардад. Аз тарс халтаи пистаашро гузошта, оҷил ба роҳ баромад, шиддати ташнагӣ гулуяшро хушк карда буд ва танҳо як андеша дошт, ки оё ба наздики хайма баргашта метавонад ё на. Хаста шуда, зери дарахте боли теппаи баланд нишаста буд, ки ба хотир телефони мобилаш расид, аз ғилофак берун бароварда ба ҳамроҳонаш занг зад ва аз худ дарак дод. Обаш овардаанд, наҷоташ доданд ва ҳам халтаи пистаашро бо худ гирифта ба хайма расонданд.
Яъне ин воқеае ҳаст, ки 10-15 сол пеш барои мардуми оддӣ мисли як афсона буд. Як дастгоҳи кӯчак боиси наҷот мешавад. Чунин мавридҳо дар рӯзгори мардуми тоҷик тақрибан ҳар рӯз иттифоқ меафтад.
Телефони мобил дақиқан дар солҳои ахир зиндагии мардумро тағйир дода, хеле осон ҳам кардааст ва ҳарчанд андаке харҷ барои хидматрасонӣ дорад, аммо дар бисёр лаҳзаҳо аз хароҷоти бузург ҷилавгирӣ мекунад.
Тақрибан 10 сол пеш телефони мобил ба Тоҷикистон ворид шуд ва дар панҷ соли ахир ба як фанноварии маъмуливу мардумӣ табдил гашт. Ибтидо ҳам қиммати телефон ва ҳам қиммати хидматрасонӣ хеле гарон буд, танҳо афроди сарватманд ба худ иҷоазаи хариданану истифодаи телефони мобилро медоданд. Минтақаи дастрасӣ ҳам танҳо шаҳрҳои бузург буд.
Аммо имрӯз тақрибан ҳама гӯшаву канори Тоҷикистон ба телефони мобил дастрасӣ дорад ва хонаводае нест, ки дар дурдасттарин деҳа телефони мобил надошта бошад. Аз кудаки мактабхон то пиру кампир. Ширкатҳои мухобироти мобилӣ низ дар кишвар наздик ба 20 адад шудааст ва пешсафи он ширкатҳо бештар аз 1 миллион муштарӣ доранд. Қиммати телефонҳои мобил ва ҳам хидматрасонии ширкатҳо ба маротиб поин рафтааст.