Аммо на тамоюлҳои мувақаттӣ, балки тамоюлҳои дарозмуддати сиёсӣ дар Тоҷикистон будааст, ки ба гуфтаи баъзе аз мусоҳибонам, мардумро нисбат ба интихобот бепарво кардаанд. Онҳо ба интихоботи шаффофу одилона бовар надоранд ва чунин мепиндоранд, ки мақомот онҳоро фиреб медиҳанд. Онҳо далел ҳам доранд, зеро то кунун ба гуфтаи нозирони хориҷӣ ҳеҷ яке аз интихоботҳои Тоҷикистонро шаффофу одилона баргузор нашудааст.
Бахши дигар аз ҳисси хашм нисбат ба ҳукумат ва вуҷуди фасоди густурда раъй намедиҳанд ва аз ин роҳ эътирози худро нишон медиҳанд.
Хонанда бо ники "Шогирд": "Айби давлат ин аст, ки ба хости мардум пой гузоштааст ва мардум дигар аз ин маъракаҳои ба ному бефоида афсурда шудаанд. Айби мардум ин аст, ки аз дархости ҳаққи худ афсурда шуда, канор рафтаанд, агарчӣ бояд барои ҳаққи худ кӯшиши бештар кунанд."
Ба гуфтаи Латиф Ҳадязода, таҳлилгари тоҷик, бархеи дигар сабаби ширкат накардан дар интихоботро дар набудани номзадҳои шоиста медонанд: «Аксари вакилоне, ки интихоб мешаванд, мутаассифона, ё вакилони гузашта мешаванд, ё аслан он нафароне, ки дар мақомот ё раҳбарӣ буданд, аммо кори намоёну шоистае накардаанд. Ва акнун пазируфта мешаванд, ба сифати вакил. Яъне, як нафар, ки дар давоми фаъолияташ як кори намоёне накард, чӣ гуна метавонад, як кори шоистае анҷом диҳад. Дар натиҷа, ин ҳам электорати моро як андоза дилсард кардааст.“
Аммо Абдураҳмон Абдуманнонов, сухангӯи Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон, мегӯяд, раъйдиҳандаи тоҷик ҳоло назар ба гузашта огаҳтар аст ва ӯ интизор дорад, ки бештар аз 50 дарсади мардум дар интихоботи оянда раъй хоҳанд дод: “Ман фикр мекунам, зиёдтар. Мардум ширкат мекунанд, чунки фарҳанги сиёсии мардум ва маърифати ҳуқуқии онҳо назар ба солҳои қаблӣ хеле болотар рафтааст.”
Паём Фурӯғӣ ҳам мегӯяд, агарчӣ мардум дар Тоҷикистон сиёсӣ набошанд ҳам, аммо ба интихобот хоҳанд рафт, зеро раъйдиҳӣ дар Тоҷикистон ба унвони як “вазифаи миллӣ” пазируфта шудааст: “Ба назар меояд, ки масъалаи раъй дар Тоҷикистон мисли дигар ҷойҳои дунё як навъ, вазифаи миллӣ маҳсуб мешавад. Бинобар ин, ман фикр мекунам, ки дар Тоҷикистон чун дар ҷойҳои дигари дунё, мардум як миқдор аз корҳоро ба унвони кори миллӣ анҷом медиҳанд, шояд ҳам аз худашон, аз мақомот, аз аҳзоб суолу ҷавоб намекунанд, вале ин корро мекунанд, чун солиёни сол шудааст ва тавре шумо мегӯед, ба унвони расмест, ки бояд онро анҷом дод.“
Аммо ин расмро садҳо ҳазор нафар аз шаҳрвандони муҳоҷири тоҷики Русия анҷом дода наметавонанд, зеро аксарияташон ғайриқонунӣ дар он ҷо фаъолият мекунанд ва аз тарси милисаи Русия аз хонаҳояшон ба сахтӣ берун меоянд, чӣ расад ба интихобот.
Гузашта аз ин, як хусусияти вижаи раъйдиҳандаи тоҷик, ин аст, ки рӯзи интихобот бо як баста баргаҳои раъй ба қитъаи интихоботӣ рафта, ва аз рӯи фармудаҳои мақомоти маҳаллӣ ба қавле иродаи сиёсии тамоми хонаводаро баён мекунад.
АЙБ ҲАМ ДАР ОШУ ҲАМ ДАР МОШ
Ин хислатҳову бепарвоиву бемайлӣ ва парҳези раъйдиҳандаи тоҷик аз сиёсат як шунавандаи барномаҳои Радиои Озодӣ, ки худро «Шогирд аз Кувайт» муаррифӣ кардааст, ба изтироб андохтааст. Вай мегӯяд, огаҳ набудани мардум аз ин гуна чораҳои сиёсӣ, аз заъфи давлат аст ва ҳам аз мардум. Айби давлат ин аст, ки ба хости мардум пой гузоштааст ва мардум дигар аз ин маъракаҳои ба ному бефоида афсурда шудаанд. Айби мардум ин аст, ки аз дархости ҳаққи худ афсурда шуда, канор рафтаанд, агарчӣ бояд барои ҳаққи худ кӯшиши бештар кунанд.
«Шогирд» аз раъйдиҳандагони ҳамватани худ дар Тоҷикистон даъват кардааст, ки ба интихоботи оянда ба чашми боз нигариста ва вакилони сазовори курсии порлумонро интихоб кунанд, то ин вакилон дар хидмати мардум бошанд.