Дар нӯҳ вазни дигар соҳибони ҷойҳои аввал инҳоянд: Ен Хун Шин (Кореяи Ҷанубӣ) дар вазни то 49 кг, Миша Алоян (Русия) - то 52 кг, Яснел Толедо (Куба) - то 60 кг, Томас Ли Сталкер (Инглистон) – то 64 кг, Тарас Шелестюк (Украина) – то 69 кг, Евгений Хитров (Украина) – то 75 кг, Хулио Сезар Лакруз Пераза (Куба) – то 81 кг, Теймур Маммадов (Озарбойҷон) – то 91 кг ва Муҳаммадрасул Маҷидов (Озарбойҷон) – беш аз 91 кг.
Ёдовар мешавем, Анвар Юнусов соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон дар вазни то 56 кг бо медали биринҷӣ сарфароз шуд ва соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Лондон гардид.
Вай, инчунин, порсол дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё дар шаҳри Инчҳони Куриёи Ҷанубӣ медали тилло ба даст овардааст.
Бояд гуфт, Анвар барои дувумин бор соҳиби роҳхати олимпӣ шудааст. Ӯ соли 2008-ум дар Олимпиадаи Пекин дар вазни то 51 килограмм байни панҷ муштзани беҳтарини дунё ҷойгир шуда буд.