Парвиз Собиров ахиран дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба гӯштии дзюдо дар шаҳри Тошканд дар рақобатҳо дар вазни то 90 кило бо медали нуқра сарфароз шудааст. Ӯ баъд аз ду пирӯзӣ бар рақибонаш – Қувват Нуриев (Туркманистон) ва Темур Болат (Қазоқистон) ба нимфинал баромад.
Парвиз дар қувваозмоии ниманиҳоӣ Муҳаммад Ҷамолии эрониро шикаст дод, вале дар даври ниҳоӣ аз Дилшод Чориеви узбакистонӣ мағлуб гашт ва бо медали нуқра сарфароз шуд.
Парвиз Собиров 12-уми ноябри соли 1980-ум дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Ӯ хатмкардаи мактаб-интернати ҷумҳуриявии тамоюли варзишӣ ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон мебошад.