Аммо Сабоҳат Достиева, сарнозири шӯъбаи кадри Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯяд, ҳарчанд зимни кор онҳо хеле меҳрубонанд, дар лаҳзаи зарурӣ аз мардҳо ҳам серталабтар мешаванд. Вай афзуд. «занон дар оҷонсӣ кам нестанд, аммо онҳое ки дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ кор мекунанд ҳамагӣ 15 нафаранд».
Бо ин вуҷуд ҳукумати Тоҷикистон талош дорад, теъдоди зиёди занҳоро ба сохторҳои қудратӣ ҷалб кунад. Аммо оё ин иқдом зоҳирпарастист ва ё дар воқеъ мақомот мехоҳанд мисли кишварҳои ғарбӣ занҳо дар ҳама бахшҳо аз ҷумла сохторҳои қудратӣ низ ҳузур дошта бошанд ва дар баробари мардҳо масъулиятро бар душ гиранд?
Ҳузури ками занон дар саҳнаи сиёсат ва ҳамчунин дар сохторҳои қудратиро таҳлигарон ба он рабт медиҳанд, ки то кунун дар ҷомеаи Тоҷикистон падидаи "дастнигарӣ" ва "умед ба дигарон", манзур мардон, аз байн нарафтааст.
Аз суи дигар низ ба гуфтаи Мунира Иноятова, таҳлилгари тоҷик иллати дигари камии занон дар мақомоти қудратӣ табиати мардсолори ҷомеаи Тоҷикистон аст: "албатта дар назари аввал занҳое ки иқтидори ҳалу фасли ин масъаларо доранд мо ҷустуҷу намекунем. Қисми зиёди мардҳо як ақидаи куҳна доранд, ки зан бояд дар хона шинад ва кудакро тарбия кунад. Бархеи дигар мегӯянд ғурбати оила барои зан кифоя аст. Аммо гап сари он меравад, ки бояд мо як системаи махсус ҷорӣ кунем, ки занро барои ба ниҳодҳои раҳбарикунанда интихоб кардан бояд аз мактаб оғоз кунем. Бояд ба оила ба кумак расонидан даркор ки зан каме вақт пайдо кунад сатҳи дониши худро баланд кунад. Вақте зан соҳиби маълумот мешавад ҳатман захираҳои инсонии ӯ бештар мешавад.»
Бо ин ҳама таҷриба нишон медиҳад, ки то ба ҳол теъдоди андак ва ҳатто ангуштшумори занон ба мансабҳои баландтар, назири вазир ва муовини вазир мансуб шудаанд. Дар солҳои пеш вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ бар души зан буд. Аммо ҳоло сарварии ин ришта низ ба мардон вогузор шудааст.
Гулҷаҳон Бобосодиқова, раҳбари созмони занони маълумоти олидор дар Тоҷикистон, мегӯяд, душвории кор набояд баҳонаи канор гузоштани занон аз маснабҳои асосӣ бошад: «мушкилотҳои иҷтимоӣ аз ҷумла соҳаи тандурустиву маориф, мудофиа вуҷуд доранд. Наход ки як зан ба ҳайси вазир ё муовини он таъин шуда онро ҳал карда натавонад. Ман фикр мекунам, дар вазорати мудофиа низ бе ягон мушкил занеро интихоб кардан мумкин аст».
Аммо ин ҷо намешавад, Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистонро истисно кард, ки муовини раҳбари он Бунафша Одинаева аст. Вай аслан собиқаи хабарнигорӣ дорад ва дар муддати чанд соли охир ҷойгоҳи ин мақомро ба маротиб болотар бурдааст ва дар бештари нишасту ҷаласаҳо аз оҷонсии назорат бар маводи мухаддирро намояндагӣ мекунад.
Таҳлилгарон мегӯянд, дар Тоҷикистон занони низомӣ ба рутбаҳои гуногун, назири подполковник, полковник ва генерал ҳам ноил шудаанд. Аммо дар қиёс бо мардон шумораи онҳо зиёд нест.
Барои аксари занони тоҷик оила ва тарбияи фарзанд, нақши муҳиму созанда дорад ва одатан бештари духтарон карйера ва пешрафтҳои ба даст овардаашонро ба хотири хушбахтии оилавӣ қурбон мекунанд. Аммо Азиза Давлатшоева подполковники милитсия ва сардори кафедраи забонҳои Академияи ВКД Тоҷикистон мегӯяд, теъдоди духтарон дар академия, сол то сол афзоиш ёфта феълан дар он 120 духтар таҳсил мекунанд. Вай гуфт, танҳо дар як соли охир 108 зан дар Вазорати корҳои дохилӣ ба кор қабул шудаанд.
Бо он ки ҳазорҳо нафар аз занон дар сохторҳои қудратӣ дар раддаҳои гуногун кору фаъолият доранд, аммо ҳоло дар Тоҷикистон танҳо як нафар, он ҳам Саодат Амиршоева, рутбаи генарлӣ дорад. Хонум Амиршоева, ки қаблан раёсати адлияи вилояти Хатлонро бар душ дошт, ҳоло вакили порлумон аст.