"Чаро ман суғурта накардам?" ВИДЕО
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар як пурсиши сарироҳии хабарнигори Радиои Озодӣ бархе аз сокинони пойтахт гуфтанд, ки то ҳол худу дороиҳояшонро, аз қабили хонаву фурӯшгоҳ суғурта ё бима накардаанд. Онҳо гуфтанд, ҳарчанд паҳлӯҳои мусбати суғуртаро медонанд, вале барои гирифтани маблағашон дар ҳолатҳои зарурӣ чандон бовар надоранд. Оё Шумо худ ва моликиятатонро суғурта кардаед? Назари худро ба мо фиристед.