Давраи дувуми лигаи аввали Тоҷикистон бо пирӯзии пешсафон шуруъ шуд

Давраи дувуми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон баъди танаффус бо пирӯзии пешсафони ҷадвали мусобиқа шуруъ шуд.

Муддаиёни медалҳои мусобиқа – «Вахдат»-и шаҳри Ваҳдат, «Сомон»-и ноҳияи Данғара, «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ ва «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд дар даври дувоздаҳуми мусобиқа бар рақибонашон пирӯзӣ ба даст оварданд.

«Ваҳдат» дар майдони худ «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод. «Сомон» дар меҳмонӣ «Зарафшон»-Панҷакентро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард. «Кӯктош» бар дастаи меҳмон - «Маҳаллаи 83»-и Душанбе бо ҳисоби 5:1 ғолиб омад. «Эсхата» дар меҳмонӣ бар «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.

Ду бозии дигари даври дувоздаҳум бо чунин натиҷаҳо ба поён расид: «Саройкамар» (Панҷ) – «Парвоз» (Фурудгоҳи Хуҷанд) – 2:1, «Локомотив-Помир» (Душанбе) – «Зарбдор» (Исфара) – 3:2.

Мусобиқаи лигаи аввали Тоҷикистон. Даври 12-ум

«Саройкамар» – «Парвоз» – 2:1

Голҳо: Соҳиб Ваҳҳобов, 20 (1:0). Бахтовар Зокиров, 52 (1:1). Иброҳими Мӯҳтоҷзода, 78 (2:1).

Сардовар: Умед Раҳимов (Қӯронтеппа).

Ҷалолиддини Балхӣ, варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов

«Ваҳдат» – «Ҳулбук» – 3:0

Голҳо: Авуку Калаб, 51 (1:0). Бобури Абдулаҳатзода, 55 (2:0). Абдураҳмон Сироҷиддинзода, 74 (3:0).

Ваҳдат, Варзишгоҳи марказӣ

«Зарафшон» – «Сомон» – 1:3

Голҳо: Хайём Усмонов, 66 (1:0). Вайсиддин Сафаров, 77 (1:1). Хуршед Халилов, 87 (1:2). Вайсиддин Сафаров, 90+2 – аз пеналтӣ (1:3).

Аз майдон хориҷ шуд: Комрон Муродов («Зарафшон»), 90+2

Душанбе, майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

«Локомотив-Помир» – «Зарбдор» – 3:2

Голҳо: Шавкатҷон Бобоев, 15 (0:1). Парвиз Деҳқонов, 18 (0:2). Азизбек Ҳасанов, 38 (1:2). Эмомалии Аҳмадҷон, 40 (2:2). Рустам Соиров, 54 (3:2).

Душанбе, майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

«Равшан» – «Эсхата» – 0:2

Голҳо: Абдумалик Шодиев, 12 – аз пеналтӣ (0:1). Ҷӯрабой Исоев, 87 (0:2).

Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ

«Кӯктош» – «Маҳаллаи 83» – 5:1

Рӯдакӣ, варзишгоҳи «Нефтяник»

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Ваҳдат» (Ваҳдат)

12

9

3

0

32-9

30

2

«Сомон» (Данғара)

12

7

5

0

37-15

26

3

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

12

8

1

3

30-11

25

4

«Эсхата» (Хуҷанд)

12

7

4

1

23-11

25

5

«Саройкамар» (Панҷ)

12

6

4

2

17-10

22

6

«Маҳаллаи 83» (Душанбе)

12

6

0

6

26-25

18

7

«Локомотив-Помир» (Душанбе)

12

5

1

6

18-25

16

8

«Ҳулбук» (Восеъ)

12

3

4

5

17-22

13

9

«Равшан» (Кӯлоб)

12

3

0

9

16-42

9

10

«Зарбдор» (Исфара)

12

2

3

7

14-28

9

11

«Парвоз» – Фурудгоҳи Хуҷанд

12

1

2

9

10-24

5

12

«Зарафшон» (Панҷакент)

12

0

3

9

8-27

3

Нишонзанҳо: Ҷастис Агией Канкам («Маҳаллаи 83») – 14 тӯб, Меҳроҷиддин Музаффаров («Ваҳдат») – 13 тӯб.

Даври 13-ум

10 август (панҷшанбе)

«Маҳаллаи 83» – «Локомотив-Помир»

«Ҳулбук» – «Зарафшон»

11 август (ҷумъа)

«Сомон» – «Равшан»

12 август (шанбе)

«Парвоз» – «Ваҳдат»

13 август (якшанбе)

«Эсхата» – «Кӯктош»

«Зарбдор» – «Саройкамар»

Оғози бозиҳосоати 17:30