Тоҷикистон бозии қаҳрамонии Осиёро ба Узбекистон бохт

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дувумаш дар мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё дар Тайбэйи Чин аз тими миллии Узбекистон бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрд ва аз ҳаққи иштирок дар даври чорякниҳоӣ маҳрум шуд.

Мунтахаби Узбекистон, ки дар ҳарду бозиаш пирӯз шудааст, дар ҷадвали гурӯҳи “В” бо 6 имтиёз мақоми аввалро касб кард

Бозии даври дувуми сабқати гурӯҳи “А” рӯзи 3-юми феврал дар маҷмааи варзишии University of Taipei Gymnasium барпо гардид. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Умед Қузиев ва Дилшод Саломов заданд.

  • Гурӯҳи «В». Даври 2-юм
  • Тоҷикистон – Узбакистан – 2:4
  • Голҳо: Дилшод Раҳматов, 9 (0:1). Даврон Чориев, 12 (0:2). Умед Қузиев, 18 (1:2). Машраб Одилов, 26 (1:3). Даврон Чориев, 37 (1:4). Дилшод Саломов, 39 – дабл-пеналтӣ (2:4).

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Ҳусейн Шодиев рӯзи 1-уми феврал дар аввалин бозиаш дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Тайбэйи Чин аз тими миллии Ҷопон, қаҳрамони секаратаи Осиё, бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрда буд.

Ба ин тартиб, мунтахаби Узбекистон, ки дар ҳарду бозиаш пирӯз шудааст, дар ҷадвали гурӯҳи “В” бо 6 имтиёз мақоми аввалро касб кардт. Дастаи Узбекистон сарфи назар аз натиҷаи бозии охиринаш бо мунтахаби Ҷопон, ки 5-уми феврал барпо мегардад, ба чорякфинал баромад.

Роҳхати дувумро ба даври чорякниҳоии мусобиқот мунтахаби Ҷопон, ки бо 6 имтиёз дар мақоми дувум қарор гирифтааст, соҳиб шуд. Қаҳрамони секарати Осиё имрӯз дастаи Кореяи Ҷанубиро бо ҳисоби 5:2 шикаст дод.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “В” чунин аст:

1. Узбекистон – 2 бозӣ, 6 имтиёз (таносуби тӯбҳо 17-4). 2. Ҷопон – 2 бозӣ, 6 имтиёз (9-4). 3. Тоҷикистон – 2 бозӣ, 0 имтиёз (4-8). 4. Кореяи Ҷанубӣ – 2 бозӣ, 0 имтиёз (4-18).

Мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё, ки дар Тайбэйи Чин 1-уми феврал шуруъ шуд, то рӯзи 11-уми феврал идома хоҳад кард. Мунтахаби Тоҷикистон бозии охиринашро дар гурӯҳи «В» рӯзи душанбе, 5-уми феврал, бо мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ анҷом медиҳад.

Таркиби гурӯҳҳои мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё-2018:

Гурӯҳи «А»: Тайбэйи Чин, Ветнам, Малайзия, Баҳрайн.

Гурӯҳи «В»: Узбекистон, Ҷопон, Тоҷикистон, Кореяи Ҷанубӣ.

Гурӯҳи «С»: Эрон, Ироқ, Чин, Мянмар.

Гурӯҳи «D»: Тайланд, Қирғизистон, Лубнон, Урдун.

Тақвими бозиҳо

Даври 1-ум

1 феврал (панҷшанбе)

Ҷопон – Тоҷикистон – 4:2

Ветнам – Малайзия – 1:2

Узбекистон – Кореяи Ҷанубӣ – 13:2

Тайбэйи Чин – Баҳрайн – 2:2

2 феврал (ҷумъа)

Ироқ – Чин – 4:2

Қирғизистон – Лубнон - 2:2

Эрон – Мянмар – 14:0

Тайланд – Урдун – 5:1

Даври 2-юм

3 феврал (шанбе)

Кореяи Ҷанубӣ – Ҷопон – 2:5

Баҳрайн – Ветнам – 1:2

Тоҷикистон – Узбекистон – 2:4

Малайзия – Тайбэйи Чин – 4:5

4 феврал (якшанбе)

Мянмар – Ироқ

Урдун – Қирғизистон

Чин – Эрон

Лубнон – Тайланд

Даври 3-юм

5 феврал (душанбе)

Узбекистон – Ҷопон

Тоҷикистон – Кореяи Ҷанубӣ

Малайзия – Баҳрайн

Тайбэйи Чин – Ветнам

6 феврал (сешанбе)

Эрон – Ироқ

Чин – Мянмар

Тайланд – Қирғизистон

Лубнон – Урдун

Чорякфинал

8 феврал (панҷшанбе)

1 «D» – 2 «С»

1 «С» – 2 «D»

1 «В» – 2 «А»

1 «А» – 2 «В»

Нимфинал

9 феврал (ҷумъа)

Ғолиби 1 «D»/2 «С» – Ғолиби 1 «В»/2 «А»

Ғолиби 1 «С»/2 «D» – Ғолиби 1 «А»/2 «В»

11 феврал (якшанбе)

Бозӣ барои ҷойи сеюм

ФИНАЛ